Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд

6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар  ҳошияи ҷаласаи «Раванди Ақаба» таҳти унвони «Амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ» дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва  ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.

«Мо кишвари Шуморо аз шарикони муҳими худ дар минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳони ислом медонем»-изҳор доштанд дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Зимни суҳбат масоили вобаста ба таҳкими робитаҳои сиёсӣ, густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию башарӣ дар маркази таваууҳ қарор гирифт.

Аҳамияти тақвияти заминаи қарордодию ҳуқуқӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ ва фаъол намудани абзорҳои дуҷониба, чун машваратҳои сиёсӣ ва комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, таъкид гардид.

Ба таҳкими ҳамкорӣ дар доираи созмонҳо ва доираҳои байналмилалию минтақавӣ ва дастгирӣ аз ташаббусҳои ҳамдигар низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Дар ин робита доир ба ташаббуси Урдун ҷиҳати роҳандозии “Раванди Ақаба” ва  ҳамдастии ду кишвар дар роҳи татбиқи босамару бехатар аз зеҳни сунъӣ ва технологияҳои муосири рақамӣ мубодилаи андеша сурат гирифт.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунӣ дар Ховари Миёна ва роҳҳои ҳалли сиёсию дипломатии низоъҳо дар ин минтақаи ҳассос доир гардид.

Дар ҷараёни суҳбат Президенти муҳтарами мо аз Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ҷиҳати анҷом додани боздид аз Тоҷикистон дар вақти барояшон муносиб даъват ба амал оварданд.