Дар шаҳру навоҳии кишвар то аввали моҳи июн дар майдони 182 ҳазору 466 гектар пахта кишт шудааст, ки аз он майдони 168 ҳазору 653 гектар пурра инкишоф ёфтааст. Тавре аз вазорати кишоварзии мамлакат хабар доданд, дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 05.06.2025 дар майдони 444 ҳазору 992 гектар кишт гузаронида шудааст.
Аз майдони киштшуда ғадаонагиҳо 110711 гектар, гандум 40163 ва ҷав 38934 гектар, зироатҳои техникӣ 206 498 гектар, аз он пахта 182466 гектар, зироатҳои равғандиҳанда 23760 гектар, картошка 36505 гектар, сабзавот 42640 гектар аз он пиёз 16901 гектар, сабзӣ 4942 гектар, карам 1782 гектар, помидор 7872 гектар, бодиринг 4046,5 гектар, дигар сабзавотҳо дар майдони 7096 гектар, полизӣ 18930 гектар ва зироати хӯроки чорво дар майдони 30249 гектар кишт карда шуд.
Ҳамзамон, дар кишвар то аввали моҳи июни соли ҷорӣ дар майдони 197 ҳазору 825 гектар кишти гандум гузаронида шуд. Аз он майдони 17483 гектар даравида, майдони 16563 гектар куфта шудааст, ки ҳосили умумӣ 60631 тонна ва ҳосилнокӣ 33,6 сентнерро ташкил медиҳад.