“Asia-Plus”: Истифодаи манбаҳои барқароршавандаи неру дар Осиёи Марказӣ нокифоя аст (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла омодагӣ барои баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе ва дигар мавзуҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд. 

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 22 май матлабе бо номи  “Фотима Бадавӣ: «Эмомалӣ Раҳмон ғамхори аҳли башар аст!» чоп кардааст. Муаллиф менависад, ки 20 майи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии арабии Миср конфронсе таҳти унвони “Тоҷикистон ва пиряхҳо: ба сӯйи рӯйкарди ҷадид” баргузор гардид ва дар ин робита сомонаи иттилоотии “Ал-Мувотин”-и Миср гузориши муфассале таҳия ва пахш намуд.

Фотима Бадавӣ, муаллиф ва хабарнигори сомонаи мазкур менависад: “Ташаббусе, ки Тоҷикистон дар соли 2022 нишон дод, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии васеъ ёфт. Ин бори дигар, пешсафии Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои экологии марбут ба обу иқлим тасдиқ намуд.”

Дар гузориши мазкур омадааст, ки ҳадафи Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи тағйирот дар криосфера ва дар заминаи тағйирёбии иқлим баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мебошад.

Ба хулосаи муаллиф, мардуми сайёра аз кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе умеди зиёд доранд ва интизори онанд, ки коршиносон ҳарчи зудтар роҳҳои ҳалли мушкилоти обшавии пиряхҳо – манбаи оби ошомиданиро дар миқёси ҷаҳон меёбанд.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора ҳамчунин мақолае таҳти унвони “Нақлиёти ҳавоӣ ва нақши он дар татбиқи стратегияи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ” чоп кардааст.

Муаллиф менависад, ки шароити хоси иқлиму табиати кишвар, кӯҳсор будани қисми зиёди он ва душворгузар будани роҳҳои кӯҳӣ дар Тоҷикистон, зарурати рушди нақлиёти ҳавоиро ба яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа табдил додаанд. Ҳамзамон, дурнамои рушди минтақаҳои душворгузар рушди нақлиёти мазкурро ҳамчун омили муҳими рушди минтақаҳои дурдасти кишвар пешбинӣ менамояд.

Бо назардошти ин муаллифи матлаб ҷиҳати рушди нақлиёти ҳавоӣ дар Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ҳамгироӣ дар низоми ҷаҳонии нақлиёти ҳавоӣ ва гузариши он ба технологияҳои нави иттилоотӣ барои идоракунии махзанҳои маълумотӣ ва захираҳои низомҳои нақлиёти ҳавоӣ бояд амалӣ шавад.

Дар баробари ин ба гуфтаи муаллиф, муайян намудани равишҳои умумӣ барои ҳалли масъалаҳои мушаххас дар асоси рақамикунонии маҷмуии расмиёти ояндабинии ҳамлу нақл ва арзёбии ҳолати молиявӣ ва нақшаҳои технологии низомҳои нақлитёи ҳавоӣ зарур аст.  

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 19 май дар робита ба сафари кории Пешвои миллат, президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон гузориши муфассал чоп кардааст. Таъкид мешавад, ки рӯзи 17-уми май Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни таҳлили вазъи сармоягузорӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуданд, ки фаъолияти худро барои ҷалби сармояи мустақим баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла саноатикунонии босуръат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ куллан вусъат бахшанд.

Вобаста ба нокифоя будани ҳаҷми пешниҳоди қарзҳо аз ҷониби ташкилоти қарзӣ масъулин супориш гирифтанд, ки барои таъмин намудани дастрасии соҳибкорони хурду миёна ба қарзҳои имтиёзнок ва дарозмуҳлат, махсусан, дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ чораҳои амалӣ андешанд.

Вобаста ба амалисозии тадбирҳои муҳими созандагию бунёдкорӣ  ба роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони сохторҳои марказӣ дар маҳалҳо супориш дода шуд, ки тамоми мардумро то ҷашни 35-солагӣ ба тозаву озодагӣ ва обод кардани ҳар як хонаву кошона, кӯчаву хиёбон ва майдону гулгашт то дурдасттарин деҳоти кишвар сафарбар намоянд.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 21 май бо муаллифи китоби “Алифбо”, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Маҳмадулло Лутфуллоев, ки ба сини 90 расид, суҳбате анҷом додааст.

Дар посух ба саволи ин ки педагогикаи Шарқ аз Ғарб чӣ фарқ дорад?,  профессор, Маҳмадулло Лутфуллоев мегӯяд, ки хусусияти асосии педагогикаи Шарқ ахлоқ аст. Он аз шири поки модар оғоз мешавад.

Ба гуфтаи профессор Лутфуллоев дар Шарқ ҳамеша ба ахлоқи нек такя мешавад ва ин нишонаи ҳусну камолоти инсон аст ва барои ҳамин панду андарзгӯйӣ дар адабиёти мо рушд кардааст, ки мо инро дар эҷодиёти устод Рӯдакӣ, аз ӯ пештар дар Бузургмеҳр — вазири донишманди Анӯшервони Одил мушоҳида мекунем.

Дар баробари ин профессор Лутфуллоев таъкид кардааст, ки барои оғози таҳсил аз сини 6-солагӣ ҷонибдорӣ карда, ҳамзамон муқобили роҳандозии таҳсили 12-сола дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аст.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 22 матлабе дар робита ба истифодаи манбаҳои барқароршавандаи неру дар Осиёи Марказӣ нашр кардааст. Нашрия бо такя ба гузориши нави Агентии байналмилалии энергияи барқароршаванда менависад, ки бахши электроэнергетикаи Осиёи Миёна бо вуҷуди мавҷудияти зарфияти бузурги манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҳамоно пойбанди сӯзишвории истихроҷшаванда боқӣ мемонад.

Тибқи тадқиқоти Донишгоҳи Осиёи Марказӣ зарфияти техникии гидроэнергетикии кишварҳои минтақа, дар як сол тақрибан 542 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳад, ки аз он то 317 миллиард киловатт-соат ба Тоҷикистон рост меояд. Сарфи назар аз зарфияти ҳангуфти манбаҳои гидроэнергетикӣ, қисми зиёди он истифоданашуда боқӣ мемонад. Бино ба маълумоти расмӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ тақрибан 5% ва дар Қирғизистон каме бештар аз 10% аз ин иқтидор истифода мешавад.

Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 22 май хабар медиҳад, ки дар семоҳаи якуми соли 2025 иҷрои нақшаи тасдиқшудаи андози низоми содакардашуда дар ҷумҳурӣ ба андозаи 103,9 фоиз таъмин гардидааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда ба маблағи 6,1 млн сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон дар ин матлаб зикр мешавад, ки ба ҳолати 1 апрели соли 2025 дар ҷумҳурӣ маблағи бақияи қарзи андози низоми содакардашуда 38 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали соли ҷорӣ ба маблағи 5,8 млн сомонӣ зиёд гардидааст.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”