16 май — Рӯзи ҷаҳонии ҳамзистии осоишта. Ҷаҳониён Пешвои миллати моро ба унвони таблиғгари фарҳанги волои сулҳ мешиносанд

Тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 16 –уми май ҳамчун Рӯзи байналмилали ҳамзистии осоишта эълон гардидааст.

Ҳоло зиёда аз 1,5 миллиард одамон дар давлатҳои аз ҷангу муноқишаҳо зарардида зиндагӣ ба сар мебаранд. 59,5 миллион нафар одамон беҷошудагон, 19,5 миллион аз ин шумора гурезагоне мебошанд, ки аз нисф зиёдашон кӯдакон ҳастанд. Ягон давлати ҷангзада Ҳадафҳои рушди ҳазорсолаи Созмони Милали Мутаҳидро амалӣ карда наметавонад, ки муҳлаташон тирамоҳи соли 2024 ба охир мерасад. Ҳадафи 16 – уми рушди ҳазорсола «Мутобиқат ба рушди ҷомеаҳои амн ва кушод ба манфиати рушди устувор» ном дорад

Имрӯз мардуми ҷаҳон Пешвои миллати моро ба унвони таблиғгари фарҳанги волои сулҳ мешиносанд. 1991 аҳолии Тоҷикистон ҳудуди 5,2 миллион нафарро ташкил медод. Бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ ҳудуди 1 миллион нафар ба хориҷа (Афғонистон, кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил) гуреза шуданд, ки он қариб ба 20%–и аҳолӣ баробар буд, ҳудуди 1 миллион нафари дигар беҷошудагони дохилӣ буданд, ки он низ қариб 20 дарсади дигар аст. Яъне, бо оғози ҷанг беш аз 40% – аҳолии мамлакат гурезаву беҷову пароканда шуда буд.

Ташаббуси шашуми Пешвои миллат дар бораи қабули қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро афзун намуд. Пешниҳоди ин ташаббус асосҳои худро дорад. Аввал ин ки Пешвои миллат давоми 33 соли давлатсозӣ бо назардошти ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва бо сулҳ анҷом додани он ва таъмини ваҳдату суботу амният дар ҷомеа таҷрибаи гаронбаҳои сулҳофарӣ андӯхтаанд.

Сониян, ин таҷрибаи гаронбаҳои сулҳофарӣ ҳамчун «модели тоҷикии сулҳ» аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудааст. Ин таҷриба, аз ҷумла дар барномаи Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Коста —  Рика ҳамчун даври омӯзишии сулҳофарӣ барои дипломатҳо ва дар Донишгоҳи давлатии Москва ҳамчун курси махсус барои магистрҳо таълим дода мешавад. Пажуҳишгоҳи сулҳу амнияти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Гамбурги Олмон низ ин таҷрибаро дар доираи як барномаи чандсолаи илмӣ мавриди таҳқиқ қарор додааст. Имрӯз дар арсаи байналмилалӣ дар бурдани таҷрибаи нодир ва намунаи тоҷикии сулҳ шубҳае нест.

Ташаббуси шашуми Пешвои миллат дар бораи тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид 24 сентябри соли 2024 садо дод, барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мояи ифтихору сарбаландӣ аст, зеро Сарвари муҳтарами мамлакати мо Эмомалӣ Раҳмон нахустин шуда, аз байни  сарони давлатҳои ҷаҳон бо ин ташаббуси фарогиру хеле зарурӣ садо баланд намуданд. Ин ташаббус давоми мантиқии ҳамаи ташаббусҳои пешинаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обу иқлиму экология буд, ки дар асоси онҳо Созмони Милали Муттаҳид 10 қатънома қабул намуд. Шубҳае нест, ки ташаббуси навбатии Пешвои миллати мо аз тарафи тамоми сарони давлатҳои Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ меёбад, зеро сулҳ неъматест, ки тамоми миллатҳову давлатҳо ба он ниёз доранд.