Вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Комиссари олии САҲА оид ба ақаллиятҳои миллӣ

15 майи соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Комиссари олии САҲА оид ба ақаллиятҳои миллӣ Кристоф Кампро ба ҳузур пазируфтааст.

Тавре сомонаи ВКХ хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳоро дар доираи ченаки инсонии САҲА ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ намуданд.