Шоми имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузории барномаи рангини консертӣ, ифтитоҳ гардид.
Чорабинии мазкур бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ташкил гардидааст.
Дар маросими ифтитоҳ Манучеҳр Шарифзода муовини вазири фарҳанги кишвар суханронӣ карда, иброз намуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони стратегии мамлакатамон ба ҳисоб меравад ва баргузории чунин чорабиниҳо кӯмак мекунад, ки бо фарҳангу анъанаҳои ин кишвари ба мо дӯст бештар ошно гардем.
Дар идома барномаи рангини консертии омода намудаи ҳунармандони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Тоҷикистон пешниҳоди ҳозирин шуда, табъи онҳоро болида гардонид.
Бояд гуфт, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ҳамчунин 4 декабр дар Театри мусиқӣ–мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар барномаи ҳайати ҳунарии Чин баргузор мегардад.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои «Тоҷикистон»
