Мошине ба сӯи издиҳоми мухлисони футболи Барселона ҳаракат карда, чанд нафарро пахш намуд

Дар Барселона ҳангоми тамошои футбол мошине ба сӯи издиҳоми мухлисон ҳаракат карда, чанд нафарро пахш намуд.

Тавре агентии иттилоотии Reuters хабар медиҳад, дар натиҷа, 13 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ҳодиса пеш аз оғози бозии чемпионати Испания байни дастаҳои «Эспанол» ва «Барселона» рух додааст. Тибқи иттилои пешакӣ, мошинро зане идора мекардааст. Пулис ронандаро боздошт кардааст. Вай бо гумони расонидани зарари воқеии ҷисмонӣ муттаҳам карда шуд. Тафтиши ҳодиса идома дорад.