Баргузории чорабинии фарҳангӣ дар доираи “16-рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии гендерӣ”

Аз 25-уми ноябр то 16-уми декабр ҳамасола дар Тоҷикистон чорабиниҳо бахшида ба “16-рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии гендерӣ” баргузор мегарданд. 2-юми декабри соли 2025 дар толори Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии “Занон баҳри тараққиёт” ва иштироки васеи омӯзгорону донишҷӯён ва роҳбарони мақомоти ноҳия маъракаи иттилоотӣ дар мавзӯи “Оила-пойдории ҷомеа” баргузор гардид.

Моҳияту мафҳуми ин чорабинӣ ва мақсад аз баргузор гардидани он баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ, қадр кардани оилаву оиладорӣ ва пешгирии зӯроварӣ, хушунати хонаводагӣ буд.

Нахуст Абдуллозода Сайёҳат, муовини раиси ноҳияи Ёвон дар мавриди пойдории оила, омода кардани ҷавонон ба ҳаёти оиладорӣ, барҳам додани хушунати хонаводагӣ суханронӣ намуда, таъкид бар он дошт, ки ҷойи хушбахтии оиларо ҳеҷ чиз гирифта наметавонад.

Сипас, мудири Бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия Зарина Рустамова иброз намуд, ки ҷудошавии оилаҳо имрӯзҳо аҳли ҷомеаро нигарон кардааст. Ва зӯроварӣ дар оила на танҳо мушкилоти оилавӣ , балки мушкилоти ҷамъиятӣ мебошад.
Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Занон баҳри тараққиёт”, Зебо Шарифова дар ин чорабинӣ маърӯза намуда, бо саволу ҷавоб дар мавзӯи “Хушбахтии оила” викторина ташкил кард. Ба ғолибони викторина китобчаҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ тақдим намуд.

Намоиши театрӣ, ки воқеаҳои ҳамарӯзаи ҳаёти оилавии инсонҳоро, ки дар муҳити зӯроварӣ зиндагӣ ба сар мебаранд, нишон медод. Ин саҳнача аҳли нишастро ба эҳсосот водор кард, вале хушбахтона, бо хубӣ анҷом ёфт.
Ин чорабинӣ барои аҳли нишасти толор ба манфиати зиндагӣ ва хушбахтии оилаҳо буд.

Зарина Мухторзода,

радиои «Тоҷикистон»