Мулоқоти вазири фарҳанги Тоҷикистон бо муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Чин

Дар ҳошияи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Халқии Чин мулоқоти роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Халқии Чин ҷаноби Лу Инчун доир гардид. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба радиои «Тоҷикистон» хабар доданд.

Дар рафти вохурӣ ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Чин ёдовар шуда, самтҳои афзалиятноки робитаҳои фарҳангӣ дар меҳвари мулоқот қарор гирифт.

Ҳамзамон, ҷонибҳо густариши минбаъдаи робитаҳо дар бахшҳои марбут ба фарҳангро муҳим шумориданд.