Иқтидори ҷаҳонии ангишт афзоиш меёбад. Нигаронии коршиносон аз афзоиши партовҳои газҳои гулхонаӣ

Иқтидори нерӯи барқ ​​дар саросари ҷаҳон дар давоми як соли охир тақрибан 19 гигаватт афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи коршиносон, афзоиш ёфтани иқтидори неруи барқ аз ҳисоби ангишт ба талошҳои ҷаҳонӣ ҷиҳати коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ таъсири манфӣ расонида, метавонад муборизаро бо тағирёбии иқлим мушкилтар кунад. Ҳоло ҳам дар ҷаҳон тавлидоти неруи барқ аз ҳисоби сӯзишвории истихроҷшаванда зиёд аст. Махсусан, Ҷумҳарии мардумии Чин ҳам дар тавлид ва ҳам истеъмоли ангишт дар миёни кишварҳои ҷаҳон пешсаф аст.

Тибқи гузориши Global Energy Monitor, Чин дар як соли гузашта нерӯгоҳҳои нави ангиштсангро ба иқтидори 30,5 гигаватт ба кор андохтааст.  Бояд гуфт, ки бахши неруи барқи Чин сеяки ангишти дар ҷаҳон истеъмолшавандаро ташкил медиҳад. Дуюм истеъмолкунандаи ангишт пас аз Чин Ҳиндустон мебошад. Дар ин кишвари сераҳолӣ тақрибан 60% нерӯи барқ ​​тавассути сӯзишвории истихроҷшаванда ва 6% тавассути панелҳои офтобӣ тавлид мешавад.

Агентии байналмилалии энергетикӣ пешбинӣ мекунад, ки то соли 2027 талаботи ҷаҳонӣ ба ангишт коҳиш хоҳад ёфт. Дар ҳамин ҳол, коҳиши истеъмол аз ҳисоби тавсеаи иқтидори манобеъи барқароршавандаи энергетикӣ хоҳад буд. То охири даҳсола манбаъҳои барқароршавандаи энергия 50% истеъмоли ҷаҳонии нерӯи барқро таъмин хоҳанд кард. Тибқи маълумоти коршиносони Агентии байналмилалии энергетикӣ то соли 2030 аз ҳисоби нерӯгоҳҳои бодӣ ва панелҳои офтобӣ беш аз 5,5 ҳазор гигаватт иқтидори иловагӣ афзоиш хоҳад ёфт.

Бояд гуфт, ки ҳоло Ҷумҳурии мардумии Чин дар татбиқи иншооти энергияи барқароршаванда пешсаф буда, қариб нисфи тамоми иқтидори ҷаҳонии энергетикӣ ба ин кишвар тааллуқ дорад.  Олмон, ИМА, Дания, Исландия ва Бразилия низ энергетикаи «сабз»-ро фаъолона инкишоф медиҳанд. Тибқи маълумоти Агентии Байналмилалии Энержӣ, дар ҳоли ҳозир манобеъи алтернативии энергия тақрибан 30% истеъмоли нерӯи барқи ҷаҳонро таъмин мекунанд.