Баргузории конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи рушди устувори сайёҳии шаҳрӣ, дар шаҳри Душанбе

Имрӯз дар меҳмонхонаи Кангурти шаҳри Душанбе конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Рушди устувори сайёҳии шаҳрӣ: имкониятҳо ва дурнамо дар шароити ҷаҳонишавӣ» баргузор гардид. Конфронс бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо МИҲД шаҳри Душанбе доир гардида, дар он намояндагони раёсати донишгоҳи мазкур, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии кишвар, АМИТ ва ҳамчунин донишмандони соҳа аз хориҷӣ кишвар тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳи мазкур Убайдулло Асрорзода дар суханронии худ иброз дошт, ки соҳаи сайёҳӣ, яке аз самтҳои афзалиятноки кишвар дониста шуда, таваҷҷӯҳи зиёди ҳукумати кишвар ба ин соҳа бе мақсад нест.

Дилбар Одилзода муовини раисии шаҳри Душанбе низ ин соҳаро барои рушди кишвар муҳим арзёбӣ намуда, қайд намуд, ки имкониятҳои хизматрасонии сайёҳии шаҳри Душанбе рӯз аз рӯз беҳтар шуда истодааст.

Дигар иштирокчиёни конференсия ҳам дар мавзӯҳои муайяни ин соҳа маърӯза хонданд.

Рустам Зоирзода  

радиои «Тоҷикистон»