Даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» доир гардид

Имрӯз бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи байналмилалии оила дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Нуфуси СММ дар Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» доир гардид.

Озмуни ҷумҳуриявии “Оилаи беҳтарин” тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади тақвияти мавқеи оила дар ҷомеа, густариши фарҳанги оиладорӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва таҳкими пояҳои оиладорӣ бо иштироки роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ғолибони даври дуюми озмуни вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои минтақаи Рашт роҳандозӣ гардидааст. Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зикр намуд, ки баргузории озмун барои таҳкими пояҳои оиладорӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, тарбияи фарзандони солиму солеҳа, худшиносу худогоҳ ва солиму пойдор нигоҳ доштани оилаҳо мусоидат намуда, давлату ҳукумат ҳифзкунандаи оила мебошанд.

Инчунин зимни чорабинӣ  Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода  зикр намуд, ки тарғибу ташвиқотӣ, аксияву озмунҳои маърифатӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, таҳкими муносибатҳои оилавӣ, фаъолгардонии нақши занону модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, фароҳам овардани имкониятҳои равониву ҳуқуқӣ баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон, дастгирии оилаҳои ҷавон, арҷ гузоштан ба расму оинҳои миллии оиладорӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва дигар омилҳои номатлуби ба муносибатҳои хонаводагӣ таъсиррасон мусоидат менамоянд.

Ба иттилои ҳамкорамон  Гулрӯ Ниёзова, дар фарҷоми Озмуни ҷумҳуриявии “Оилаи беҳтарин”  ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо Шоҳҷоиза, Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Инчунин дар ҷараёни он маросими супоридани шаҳодатномаи ақди никоҳ ба 10 ҷуфт навхонадорон сурат гирифт.