Намоишномаи «Достони Сиёвуш» ба саҳна гузошта шуда

Имрӯз дар доираи Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ — «Наврӯз» дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоишномаи «Достони Сиёвуш» аз рӯйи «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ пешниҳоди тамошобинон гардонида шуд.

Ин намоишнома аз ҷониби коргардон Баҳром Қурбонзода таҳия гардида, дар он қариб тамоми ҳунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, нақш офариданд.

Намоишномаи «Достони Сиёвуш» таърих ва тамаддуни миллати тоҷикро инъикос карда, он тарғибгари некӣ, дустӣ, адолатхоҳӣ ва инсондӯстию мардонагӣ мебошад. Муҳаммади Шокирӣ коргардон аз ҶИ Эрон зимни суҳбат ба мо гуфт, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ на танҳо фарогири таърих, ичунин он бозгукунандаи арзишҳои умумибашарӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки намоишномаи «Достони Сиёвуш» имсол дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту 2025» сазовори шоҳҷоиза гардида буд. Ба андешаи Отахон Саидзода директори Театри вилоятии мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, намоишномаи «Достони Сиёвуш» барои иштирокчиёни хориҷии Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ — «Наврӯз» имкон дод, ки бо таърих, қаҳрамонон ва тамаддуни миллатамон аз наздик ошно шаванд.

Бояд гуфт, ки дар доираи Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ – «Наврӯз» намояндагони театрҳои касбии Ҷумҳуриҳои Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии исломии Эрон намоишномаҳои худро манзури тамошобинони кишвари мо гардониданд. Ёдовар мешавем, ки маросими ҷамъбастии фестивали мазкур бегоҳии имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои «Тоҷикистон»