7 ҷудокори тоҷик, ки имкони дар Dushanbe Grand Slam -2025 ҳунарнамоӣ карданро надошт, ҳамакунун ҳунари худро дар Qazaqstan Barysy Grand Slam — 2025 нишон медиҳад.
Аз санаи 9-ум то11-ум май дар шаҳри Остонаи Қазоқистон мусобиқаи навбатии «Тоскулоҳи бузург», Qazaqstan Barysy Grand Slam — 2025 баргузор мегардад. Дар он 9 ҷудокори тоҷик иштирок мекунанд. Дар ин бора Федератсия байналмилалии ҷудо хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар умум дар мусобиқа 397 ҷудочӣ аз 47 кишвари 6 қитъаи олам иштирок мекунанд. Аз ин шумора 222 мард ва 175 зан дар 7 вазни миёни ҳам рақобат мекунанд.
Ҳайати мунтахаби ҷудои Тоҷикистон барои мусобиқаи мазкур чунин аст:
— Абдулло Қуқаншоев ва Икром Шамсов (дарвазни 60 кг)
— Беҳрӯз Хоҷазода ва Масъуд Аҳмадзода (дар вазни 73 кг)
— Сунатулло Мусоев ва Муҳаммад Юсуфзода (дар вазни 81 кг)
— Мизробшо Лоиқов (дар вазни 90 кг)
— Сомонӣ Кишваров ва Муҳсин Малаев (дар вазни -100 кг)
Аз ин 9 нафар варзишгаре, ки Тоҷикистонро дар мусобиқа муаррифӣ мекунанд, танҳо ду нафар – Беҳрӯзи Хоҷазода (73 кг) ва Муҳсин Малаев (то 100 кг) дар Dushanbe Grand Slam – 2025 иштирок доштанд.
Рустам Зоирзода
радиои «Тоҷикистон»
акс аз саҳифаи расмии ФБҶ