«Достони Сиёвуш» соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту — 2025» гардид

Шоми имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту 2025» баргузор гардид. Дар маросими кушодашавии фестивал роҳбарият Вазорати фарҳанг ва ҳунармандону намояндагони 18 театри касбии мамлакат иштирок карданд.

Дар маросими ҷоизасупории фестивал вазири фарҳанги кишвар Матлубахон Сатториён суханронӣ карда, қайд намуд, ки Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту 2025» ба муносибати 35 солагии истиқлолияти давлатии кишварамон бахшида шудааст.

Имсол шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту 2025»-ро намоишномаи «Достони Сиёвуш» аз рӯйи «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ соҳиб гардид. Ин намоишномаро ҳунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ омода карданд.

Ҷойи якуми озмун насиби намоишномаи «ЯЛ» аз рӯи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ гардид. Ин намоишнома аз ҷониби Театри мусиқии масҳакавӣ ба номи Моёншоҳ Назаршоев пешниҳод карда шуд.

Сарвинози Сайидалӣ,

радиои «Тоҷикистон»