Бегоҳи дирӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту 2025» оғоз гардид.
Дар маросими кушодашавии фестивал Роҳбарият вазорати фарҳанг ва ҳунармандону намояндагони 18 театри касбии мамлакат иштирок карданд.
Дар маросими кушодашавӣ вазири фарҳанги кишвар Матлубхон Сатториён суханронӣ карда, нақши театрро дар инъикоси ҳаёти ҷомеа ва маънавиёти мардум, муҳим арзёбӣ намуд.
Баъдан Парчами Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту 2025» парафшон карда шуд. Дар озмуни имсола ба ғайр аз коршиносони тоҷик, инчунин ҳайати ҳакамон аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ӯзбекистон низ доварӣ мекунанд.
Мувофиқи барнома фестивал — озмун бо намоиши намоишномаи Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ — «Куруши Кабир» оғоз гардад.
Сарвинози Сайидалӣ,
радиои «Тоҷикистон»