Ҷоми Осиё — 2025 (U-17), ки дар Арабистони Саудӣ ҷараён дорад барои тими наврасони Тоҷикистон ба охир расид.
Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон, шаби гузашта дар доираи бозиҳои даври 1/4 ниҳоии мусобиқа бо ҳамсолони худ аз Кореяи Ҷанубӣ рақобат карда, ба бохт дучор омаданд. Ҳисоби бозӣ дар вақти асосӣ 2 бар 2 шуда, ғолиб дар силсилазарбаҳои баъди бозӣ маълум гардид.
Кореягиҳо дар пеналтиҳо беҳтар буда, бо ҳисоби 5 бар 3 зафар ёфтанд. Хамакнун Кореяи Ҷанубӣ дар даври ниманиҳоӣ бо мунтахаби мизбон — Арабистони Саудӣ рақобат карда, наврасони Тоҷикистон ба ватан бармегарданд.
Муаллифи голҳои дидор: Аз ҳайати Тоҷикистон Муҳаммад Назриев (дар дақиқаи 83), Абдулло Иброҳимзода (85). Аз ҳайати Кореяи Ҷанубӣ Хюн Унг Ҷонг (67), Ҷусинг Ким (90+8 аз пеналтӣ)
Ёдовар мешавем, ки наврасони Тоҷикистон аз баромадан ба марҳилаи 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё — 2025 соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон — 2025 шуданд, ки дар Қатар доир хоҳад гашт.
Рустам Зоирзода
радио «Тоҷикистон»