“Тоҷикистон”: Шаҳрванди 121-солаи Тоҷикистон бояд ба китоби рекордҳои Гиннес ворид шавад (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла натиҷаҳои нишасти таърихии раҳбарони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд. 

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 2 апрел матлабе бо номи “Вақте дари дил боз аст…” чоп карда, аз маросими кушода шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон гузориш додааст. Ёдовар мешавем, ки баъди чор сол ва пас аз имзои Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ аз тарафи сарварони ду давлат расман гузаргоҳҳои марзии Гулистон – Қизил – Бел ва Маданият – Қайрағоч боз шуданд.

Ба гуфтаи собиқадори меҳнат ва ходими давлатӣ Гулафзо Савриддинова, бисёр рамзӣ ҳам ҳаст, ки роҳбарони ду давлати ҳамсоя маҳз дар рӯзҳои фасли баҳор, мавсими сабзишу нашъунамо, Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо ҳам вохӯрда, мулоқот карданд ва тасмим гирифтанд, ки бо имзо гузоштан ба Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ, ба ҳалли мушкилоти дерина нуқта гузоранду боз рафтуомади шаҳрвандони ҳар ду кишвар ба роҳ монда шавад. Ин ҳодисаи муҳими таърихӣ аз сиёсати дурандешона, хирадмандонаю халқпарваронаи сарварони давлатҳо гувоҳӣ медиҳад, таъкид кардааст Гулафзо Савридинова.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 3 апрел хабар дод, ки  1-уми апрел бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров санги асос гузошта шуд. Бояд гуфт, ки ин нахустин корхонаи ғанигардонии маъдан дар Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ хоҳад буд.

Иқтидори лоиҳавии солонаи корхона истихроҷ ва коркарди 2,5 миллион тонна маъдан буда, аз он 1,1 миллион тонна консентрати истеҳсолӣ ба даст меояд.  Ҳаҷми маъдани оҳан дар хока 62-65 фоизро ташкил медиҳад. Аз ин кон, ҳамчунин, дигар маъданҳои сиёҳ ва рангаи ҳамроҳ истеҳсол хоҳад шуд. Корхонаи мазкур на танҳо ивазкунандаи воридот аст, балки қисми зиёди маҳсулоташ содирот мешавад. Баъди пурра омода шудани корхона дар он беш аз 2000 нафар бо кори доимӣ ва моҳонаи хуб таъмин мегардад.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 31 март Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷамъбасти натиҷаи интихоботи аъзои Маҷлиси миллиро нашр кардааст.

Тибқи ин қарор интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои интихоботи бисёрмандатӣ дар саросари кишвар баргузоршуда ҳисобида мешавад. Ҳамин тариқ 25 аъзо ба Маҷлиси миллӣ аз ҳавзаҳои интихоботи бисёрмандатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ интихоб гардиданд.

Бояд гуфт, ки тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ даъвати ҳафтум 11 апрели соли 2025 шаҳри Душанбе даъват мешавад.

Ҳафтаномаи “Ҷаҳони паём” дар шумораи рӯзи 2 апрел мақолае бо номи “Оғози марҳилаи сифатан нав дар муносибатҳои се давлати ҳамсоя” чоп карда, аз аҳамияти таърихии мулоқоти раҳбарони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон рӯзи 31 март дар шаҳри Хуҷанд сухан гуфтааст.

Ба гуфтаи муаллиф, воқеан ин мулоқот заминаи афзоиши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ гардида, метавонад ба рушди устувори минтақа мусоидат кунад. Ҳамчунин ҳамкории кишварҳо дар истифодаи захираҳои об ва бунёди неругоҳҳо метавонад ба таъмини равандҳои  ҳамгироӣ мусоидат намуда, ҷиҳати ташаккули симои нави Осиёи Марказӣ ҳамчун минтақаи шукуфон замина фароҳам созад.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 2 апрел мақолае таҳти унвони “Баҳорӣ дӯстӣ. Ҷашни бошукӯҳи Наврӯзи се ҳамсоякишвар дар Хуҷанд” нашр кардааст.

Ёдовар мешавем, ки 31-уми март дар шаҳри Хуҷанд ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки сарони се давлати ҳамсоя — Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон бошукуҳ баргузор гардид. Дар он барномаи муштараки фарҳангии аҳли ҳунари се кишвар пешниҳод шуд. 

Зимни ин маросим Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки «аз имрӯз эътиборан марзҳои се кишвар ба марзҳои дӯстии абадӣ, ҳамсоягии воқеан нек ва шарикии созанда табдил хоҳанд ёфт».

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар ин шумораи худ ҳамчунин матлабе бо номи “Чаро момаи Басиморо ба рекорди Гиннес намебарорем?” чоп кардааст. Муаллиф менависад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори суҳбати момаи Басимои 121-сола мечархад ва ин зани нуронӣ 6-уми майи соли 1904 дар деҳаи Чашмаи Бедаки ноҳияи Ховалинг таваллуд шуда, шиноснома ҳам дорад. Зиндагии Басимо Тӯраева муъҷизаро мемонад ва эшон дар 121-солагӣ ақли солиму саломатии нағз дорад. Ба гуфтаи муаллиф, аз ҳама муҳим, момаи Басимо зиндагии хешро ба ёд дорад ва роҳат метавонад рӯзгорашро нақл кунад.

Дар идома таъкид мешавад, ки исми шаҳрванди Тоҷикистон Басимо Тӯраева дар рӯйхати дарозумртарин инсонҳои рӯйи дунё нест, ҳол он ки айни замон ин модари тоҷик аз калонсолтарин шахси сайёра 5 сол бузургсолтар аст.

Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ”  рӯзи 3 апрел мақолае бо номи “Бақияи қарзи андозҳо коҳиш меёбад. Гузориш аз натиҷаи фаъолияти Гурӯҳи кории Кумитаи андоз дар шаҳри Бохтар” чоп кардааст.

Нашрия менависад, ки бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1 феврали соли 2025 дар Нозироти андоз дар шаҳри Бохтар, дар маҷмуъ, 13,4 млн сомониро ташкил намуда, нисбат ба аввали соли 2025 ба андозаи 257,8 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

Гуфта мешавад, аз шумораи 347 адад андозсупорандаи қарздор, 168 адад ё 52,1%-и онро андозсупорандагоне ташкил медиҳанд, ки маблағи қарзи андозҳои онҳо то 1,0 ҳазор сомониро дар бар мегиранд. Нисбати чунин андозсупорандагон, бидуни татбиқи чораҳои маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо, яъне бо роҳи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар чораҳои таъсиррасон корбарӣ карда шуда, маблағи қарзи андозҳояшон ба буҷет ситонида мешаванд.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”