Баррасии ҳамкории мутақобили судманд дар самти истифодаи захираҳои маъданҳои Тоҷикистон дар Корея

3 апрел дар шаҳри Инчон вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром бо Раис ва Мудири иҷроияи ширкати YG-1 Co., LTD. Ҳокеун Сонг ва Президенти ин ширкат Сиҳан Сонг доир гардид.

Тавре Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар додаас, зимни мулоқот ҷонибҳо таҳкими ҳамкории мутақобили судмандро дар самти истифодаи захираҳои бойи маъданҳои Тоҷикистон матраҳ намуданд.

Мавриди таъкид аст, ки YG-1 Co., LTD. яке аз ширкатҳои  пешсафи ҷаҳонӣ дар истеҳсоли таҷҳизоти бурранда ва пармакунӣ ба ҳисоб меравад, ки 80 фоизи онҳо аз волфрам сохта шудаанд.