Мянмар: Шумораи фавтидагони заминларза афзоиш меёбад

Теъдоди қурбониёни заминларза дар Мянмар афзоиш ёфта, ба 2719 нафар расидааст. Беш аз 4 ҳазор нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Ба иттилои расонаҳои хабарии маҳаллӣ ҷасади 400 нафар то ҳол пайдо нагардидааст. Амалиёти ҷустуҷӯӣ идома дорад. Барои аз зери харобаҳо баровардани ҷасад ва бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ гурӯҳҳои наҷотбахш аз Русия, Чин ва Ҳиндустон иштирок доранд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 29-уми март дар Мянмар заминларзаи шадид бо қувваи 7,7 дараҷа рух дод. Бар асари зилзила зерсохторҳо, аз ҷумла роҳҳо, пулҳо ва биноҳо осеб диданд. Заминларза дар Таиланд, Чин ва Ветнам низ эҳсос шудааст.