Тантанаи наврӯзӣ дар Муассисаи давлатии фарҳангӣ-фароғатии «Аҳорун»

Санаи 20 март дар Муассисаи давлатии фарҳангӣ-фароғатии «Аҳорун» қабл аз оғози намоиши идона иштирокчиён бо намоишгоҳи расму ойинҳои мардумӣ, дастранҷи деҳқонон ва таомҳои миллии хоси наврӯзӣ шинос шуданд.

Баъдан дар толори зебову боҳашамати муассисаи мазкур раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, муовини раиси шаҳри Душанбе, раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ суханронӣ намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода иброз дошт,ки имрӯз бо сиёсати сулҷӯёнаи Пешвои миллат кулли башарият маҳаки асосии Наврӯзро, ки инсонмеҳварӣ, ободкорӣ ва таҳкими дӯстию ҳамдилӣ аст, умқан дарк намуда, онро ҷузъе аз фарҳанги хеш пиндоштанд ва ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд.

Сипас муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода таъкид кард, ки Наврӯз покиву покизакорӣ ва осудагиву накӯкориро дар ҳамаи давру замон талқин намуда, мардумро ба созандагию бунёдкориҳо даъват менамояд.

Дар охири чорабинӣ раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Руслан Қодирзода қайд кард, ки маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар гардид, ки Наврӯзи оламафрӯз- ин ҷашни муқаддас ва файзбори ориёиро, ки давоми ҳазорсолаҳо ҳаёти маънавии миллати тоҷикро ғанӣ мегардонад, аз нав эҳё ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Имрӯз бо ифтихор ва шодмонӣ метавон гуфт, ки Наврӯз чун пештара ҷойгоҳи худро соҳиб гардида, дар саросари ҷаҳон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Эҳёи расму оинҳои накӯи Наврӯз ва тарғибу ташвиқи шоистаи он дар ҷумҳурӣ ва берун аз он собит менамояд, ки Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст.

Сурайёи Сироҷиддин,

радиои «Тоҷикистон»