Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, дар кишвар тадбирҳое барои роҳандозии пардохтҳои электронӣ бидуни интернетро амалӣ мекунад.
Дар ин бора Исфандиёри Саъдулло, сардори Хадамоти алоқа зимни як брифинг доир ба вазъи хизматрасониҳои алоқаи барқӣ ва дурнамои соҳа хабар дод. Ба гуфтаи манбаъ, хизматрасониҳои ҳамёнҳои электронӣ ва замимаҳои мобилии ташкилотҳои молиявӣ ва қарзӣ, инчунин барномаҳои мобилии хизматрасониҳои давлатӣ имкони истифодаи бидуни интернетро пайдо мекунанд. Ин иқдом бо мақсади таҳкими иқтисоди рақамӣ ва кам кардани маҳдудиятҳои истифодаи интернет дар равандҳои молиявӣ роҳандозӣ мешавад.
Масъулин таъкид карданд, ки дар сурати сифр будани маблағи тавозун ва ба охир расидани ҳаҷми интернет, амалиётҳои молиявӣ ва ғайринақдӣ боз ҳам дастрас ва қулай хоҳанд шуд, ки ин як қадами муҳим барои рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар мебошад.