Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пояи муҷассамаи «Уркун» гулчанбар гузоштанд

 13 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷмааи таърихӣ ва ёдгории “Ата-Бейит” ташриф оварданд.

Сарвари давлат ба нишони эҳтиром ва гиромидошти таърих ва адабиёти мардуми қирғиз дар пояи муҷассамаи “Уркун” ва мақбараи нависандаи маъруф Чингиз Айтматов гулчанбар гузоштанд.