12 марти соли равон Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер мулоқот намуд. Дар ин хусус сомонаи Хадамоти алоқа хабар додааст.
Зимни мулоқот ҳамкории ду давлат дар бахши телекоммуникатсия ва алоқа мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо тақвияти робитаҳоро дар ин замина судманд арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо дар заминаи таъмини амнияти иттилоотӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ширкатҳои телекоммуникатсионии бонуфузи амрикоӣ, аз ҷумла Meta, YouTube ва Google ва провайдерҳои амрикоиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар самти истифодабарии моҳвораҳои хурд низ мубодилаи афкор сурат гирифтааст.