Киштии фалакпаймои хусусӣ бори аввал ба рӯи Моҳ фуруд омад

Як киштии хусусии кайҳонӣ барои нахустин бор дар рӯи Моҳ бомуваффақият фуруд омад. Модули амрикоии Blue Ghost барои озмоиши технологияҳо ба сатҳи моҳвора таҷҳизоти илмиро расонд. Рӯйхати вазифаҳои ӯ аз озмоишҳои пармакунӣ ва ҷамъоварии хок, тобоварии таҷҳизот ба радиатсионӣ, озмоиши усулҳои муҳофизат аз чанги Моҳ иборат аст. Фаъолиятнокии модул 14 рӯз давом мекунад. Миссия барои роҳандозии ба истилоҳ «иқтисоди моҳӣ», ки аз корхонаҳои хусусӣ иборат аст: истихроҷи маъдан, таҳқиқоти илмӣ, истеҳсолот ва ғайра пешбинӣ шудааст.