Баргузории ҷаласа  миёни дастаҳои духтарона (U-17)  пеш аз оғози чемпионати CAFA-2025 дар Душанбе

Дар остонаи оғози чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои духтаронаи то 17-сола дар Душанбе ҷаласа баргузор шуд.

Дар ҷаласа намояндагони CAFA, Федератсияи футболи Тоҷикистон, масъулони мусобиқот ва мудирони тимҳои наврасони Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат доштанд.

Чемпионати CAFA 2025 байни дастаҳои духтаронаи то 17 сола 4 март оғоз мешавад. Мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила сурат мегирад, яъне ҳар як даста се бозигӣ анҷом медиҳад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд. Ғолиби мусобиқа ҳамон дастае хоҳад шуд, ки аз ҳама бештар хол ба даст меорад.