IRS: Ҳаракати нақлиёт имконпазир гардид, вале хавфи тармафароӣ боқӣ мондааст

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, хавфи тармафароӣ дар масири Душанбе — Чаноқ зиёд аст. Баъд аз бартараф намудани пайомади тармафароӣ ва иҷозат додани гузариши автомобилҳо дар роҳи мазкур боз 4 тармаи хурду миёна фаромад.

Дар ин бораи ширкати IRS хабар дода, менависад, ки кормандони мо ин тармаҳоро фавран бартараф намуданд. Ҳоло роҳ кушода буда, ҳаракати нақлиёт таъмин аст.

Ин ширкат бори дигар аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки ҳангоми ҳаракат эҳтиёткор бошанд, тавсияҳои кормандони IRS, масъулини БДА, мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданиро қатъиян риоя кунанд.