Омодагӣ ба интихобот дар ноҳияи Дӯстӣ

Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон омодагиҳо барои гузаронидани маъракаи интихобот дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.

Тибқи гуфтаҳои раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот Сафаралӣ Саидов шумораи умумии интихобкунандагон 60946 нафар буда, ба онҳо хабарномаҳо расонида шудааст.

Дар ҳудуди ноҳияи Дустӣ ҳамагӣ ду Ҳавзаи якмандатаи интихоботӣ ва 34 участка мавҷуд буда, дар 6 ҷамоати шаҳраку деҳот сокинон барои иштирок дар маъракаи муҳими сиёсӣ омодагӣ мебинанд, зеро медонанд, ки ҳуқуқи интихобро дошта, овози онҳо барои ояндаи кишвар муҳим аст.

Шоистаи Аҳмад,
радиои «Тоҷикистон»