“Тоҷикистон”: Ошкор шудани камбудӣ дар кӯдакистонҳои пойтахт (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушкилоти соҳаи пахтакорӣ дар кишвар, болоравии нархҳо дар бозор бо фаро расидани моҳи Рамазон, камбудиҳои ошкоршуда дар кӯдакистонҳои пойтахт, вазъи раванди гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон ва дигар мавзӯҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд. 

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 28 феврал матлабе бо номи “Пешвои миллат. Истиқлол ва табдил ёфтани Душанбе ба маркази ҳамоишҳои муҳими байналмилалӣ” чоп кардааст.

Муаллиф менависад, бартараф намудани мушкилоти обу иқлим, пешгирии пайомадҳои мусаллаҳшавии бошитоб, терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар ҷиноятҳои трансмиллӣ ҳамкорӣ ва муттаҳидии кулли давлатҳои ҷаҳонро талаб менамояд.

Ба андешаи Ардамеҳр Ашуров, котиби илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлат дар самти об ва ба ин васила асос гузоштан ба дипломатияи об дар арсаи ҷаҳонӣ иқдоми самарабахш аст, зеро об манбаи асосии ҳаёт аст.

– Масъалаи истифодабарии об як масъалаи муҳим дар тамоми кураи Замин мебошад. Дар ҳоле ки Тоҷикистон дорои захираи зарурии об аст, вале Пешвои муаззами миллат дар фикри ояндаи ҷаҳон ҳастанд, – афзуд Ардамеҳр Ашуров.

Аз сӯи дигар ба таъкиди муаллиф, дар рафти татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат шаҳри Душанбе як маркази муҳими ҷаҳонӣ вобаста ба баррасии масъалаҳои марбут ба об эътироф гардидааст, ки боиси хушнудӣ ва ифтихор аст. Аз ҷумла, соли равон ду чорабинии бузурги сатҳи ҷаҳонӣ вобаста ба обу ҳифзи пиряхҳо дар пойтахти кишварамон доир хоҳад шуд.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 25 феврал мақолае таҳти унвони “Нигаронӣ. Чаро садҳо гектар пахта ночинда монд?” чоп кардааст. Муаллиф менависад, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ кишоварзон дар гирифтани ҳосили баланди аксари зироатҳои кишоварзӣ муваффақ шуданд, аммо дар соҳаи пахтакорӣ дар бисёр шаҳру ноҳияҳо, ки замони шуравӣ дар рӯёндани ҳосили баланду ҷамъоварии сари вақти пахта шуҳрат  доштанд, ҳанӯз ҳам мушкилот вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи муаллиф, масалан, дар ноҳияи Зафаробод, ки яке аз ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ буда,  дар даврони шуравӣ 40 ҳазор тонна пахта ба давлат месупурд, садҳо гектар пахтаи бо заҳмату арақи ҷабин парваришнамудаи деҳқонон то имрӯз, моҳи феврал, ҷамъоварӣ нашудааст.

Дар идомаи матлаб зикр мешавад, ки имсол, воқеан ҳам, беинсофона паст намудани нархи пахта аз тарафи заводҳои коркарди маҳсули заҳмати деҳқон боиси то ин ҳад дилмондагии кишоварзон гардид.

Муаллиф меафзояд, ки бо айби заводҳои пахтаи ноҳия, деҳқонон пахтаи истеҳсолнамудаашонро бо сабаби паст будани нархи он дар хонаҳояшон нигоҳ медоранд. Бо умеди он, ки арзиши ин зироати стратегӣ баланд шавад, баъд онро месупоранд. Баъзе заводдорони мо аз имону инсоф хеле дур мондаанд, аз ҳар раванди коркарди саноатии пахта даромади калони иловагӣ ба даст меоранд ва аз рӯи адолат мебуд, ки барои пахтакорон маблағи иловагӣ ҷудо намуда, ҳавасмандии деҳқонро ба ин зироат зиёдтар созанд.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 28 феврал ҳамчунин мақолае бо номи “Татбиқи стратегияи миллӣ. Нашъамандӣ коҳиш ёфт, вале мубориза бо заҳри қотил идома дорад” чоп намудааст.

Муаллиф менависад, ки бино ба маълумоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳолати якуми январи соли ҷорӣ дар кишвар 4014 нафар бемори гирифтори нашъамандӣ сабт шудааст, ки ин нисбат ба соли 2023-юм 146 нафар ё худ 3,5 дарсад камтар аст.

Аз сӯи дигар ба таъкиди муаллиф, ташвишовар аст, ки маводи психотропии синтетикӣ, ки бештар ба шакли ҳаб омода мешавад, гардиши онҳо дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, дар ҳоли афзоиш аст.

Ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гарчанде дар соли 2024 дар маҷмуъ, мусодираи маводи нашъадор миқдоран кам гаштааст, лекин мусодираи моддаҳои психотропии синтетикӣ нисбат ба соли 2023-юм 59 дарсад зиёд шудааст.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 26 феврал мақолае бо номи “Рамазон бо гаронӣ меояд” нашр карда, аз болоравии қимати бархе анвои маҳслуоти ғизоӣ бо расидани моҳи Рамазон интиқод кардааст. Борҳо таъкид шудааст, ки боло бурдани нархи маҳсулот дар арафаи моҳи шарифи Рамазон гуноҳ аст. Аммо чаро бархе тоҷирони мо инро ба эътибор намегиранд ва бо сӯйистифода аз моҳи Рамазон фоидаи бештару муфт ба даст меоранд?,- суол гузоштааст муаллиф.

Дар идомаи матлаб зикр мешавад, ки агар як — ду ҳафта пеш 1 литр равғани растанӣ 18-20 сомонӣ буд, ҳоло ба 25 сомонӣ расидааст. Тухму шакар, гӯшт ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал майли қиматӣ доранд.

Ба таъкиди муаллиф, инро метавон бо таъсиси гурӯҳҳои махсус ва иштироки намояндагони ҳукумат, кормандони шӯроҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ татбиқ кард. Ҳамчунин, системаи ҷазо барои фурӯшандаҳое, ки нархи маҳсулотро беасос боло мебаранд, муҳим аст.

Аз сӯи дигар ба гуфтаи муаллиф, ба сокинон бояд имкон дода шавад, ки аз нархгузории ноодилона, боло бурдани нархи сунъии маҳсулот ба мақомот шикоят кунанд.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар ин шумораи худ ҳамчунин матлабе бо номи “Камбудии кӯдакистонҳои пойтахт” чоп кардаааст. Муаллиф навиштааст, Раҳим Саидзода вазири маорифи Тоҷикистон рӯзи 24 феврал аз як қатор кӯдакистонҳои ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Сино боздид намуда, камбудиҳои ҷиддиро ошкор кардааст.

Дар идомаи матлаб гуфта мешавад, ки зимни санҷиш мушкилоти интизом, раванди таълим ва вазъи муҳити кӯдакистонҳо ошкор шудаанд. Аз ҷумла дар кӯдакистони №114 (ноҳияи Фирдавсӣ)  мудири боғча дар ҷойи кор набуда ва як гурӯҳ кӯдакон бе мураббӣ мондаанд. Дар кӯдакистони №128 ба тозагӣ, нигоҳубини муҳит ва корҳои ободонӣ кам аҳамият дода шудааст. Инчунин кӯдакистони №89 (ноҳияи Сино) — мудири боғча дар ҷои кор набуда, мураббиён низ ба дигар корҳо машғул будаанд.

Ҳамзамон зирк мешавад, ки бо вуҷуди ошкор шудани мушкилот, то ҳол маълум нест, ки вазир барои ислоҳи онҳо чӣ чораҳо пешниҳод кардааст. Танҳо гуфта мешавад, ки аз болои фаъолияти онҳо кор бурда мешавад.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 27 феврал бо нашри матлабе хабар додааст, ки ба Тоҷикистон воридоти гӯшт аз Қазоқистон ва Белорус афзоиш ёфтааст.

Гуфта мешавад, ки дар соли 2024 ҳаҷми воридоти гӯшт ба Тоҷикистон нисбат ба соли 2023 6 ҳазор тонна афзуда, 15,7 ҳазор тоннаро ташкил дод. Сабаби асосии зиёд шудани воридоти гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ ба Тоҷикистон боло рафтани нархи гӯшти истеҳсоли дохилӣ арзёбӣ мешавад.  Ба навиштаи муаллиф агар нархи гӯшти истеҳсоли дохилӣ аз 90 то 145 сомонӣ бошад, қимтаи 1 кг гӯшти воридотӣ 70-75 сомонӣ аст.

Дар баробари ин зикр мегардад, ки соли 2024 Тоҷикистон аз хориҷа ба маблағи 14,1 миллион доллар говҳои зотӣ ва ширдеҳ харида, аз рӯи воридоти чорво рекорд гузошт. Гуфта мешавад, ки ин рақам нисбат ба соли 2023, ки воридот 7,2 миллион долларро ташкил медод, қариб ду баробар зиёд аст.

Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 27 феврал мақолае таҳти унвони “Пардохти андозҳо ва боҷҳо ба таври ғайринақдӣ” нашр намуда, менависад, ки ба таври ғайринақдӣ ба буҷет пардохт намудани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ вақти шаҳрвандон ва андозсупорандагонро сарфа намуда, хароҷоти онҳоро кам менамояд.

Ба иттилои ин нашрия, дар соли 2024 тавассути POS — терминалҳо ва ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, дар маҷмуъ, 6 млн амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи зиёда аз 2,2 млрд сомонӣ гузаронида шудааст.

Ҳамчунин ҷиҳати иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ – хазинавӣ” дар айни замон дар фаъолияти 30 ҳазор субъекти соҳибкорӣ дастгоҳҳои назоратӣ – хазинавии насли нав ба таври ройгон насб гардидааст, ки 27 ҳазор адади ин дастгоҳҳо дар як вақт вазифаи POS-терминалро низ иҷро намуда, имкон доранд ҳисоббаробаркуниҳоро бо шаҳрвандону соҳибкорон оид ба хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ ба таври ғайринақдӣ анҷом диҳанд.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”