Имрӯз, 27 феврали соли равон дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе” ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур сардори Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, роҳбарони муассисаҳои тиббию табобатии пойтахти кишвар ва дигар масъулини соҳа иштирок намуданд.
Ҳамин тавр, дар ҷаласаи мазкур се масъала мавриди баррасӣ қарор гирифта, доир ба “Вазъи сирояти дохили беморхонагӣ дар муассисаҳои зерсохтори Раёсати тандурустӣ” Муродзода С.Ҳ., мудири шуъбаи хизматрасонии тиббӣ ба калонсолони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар мавзуи “Рафти амалишавии “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе” Зайнаб Анварӣ директори МД Маркази шахрии ташаккули тарзи хаёти солим ва дар масъалаи “Ҷараёни татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013, №146 “Дар бораи Тартиби экспертизаи корношоямии муваққатии шаҳрвандон дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ” ва вазъи хизматрасонии тиббӣ ба маъюбон, вазъи маъюбшавии аҳолӣ аз бемориҳо, пешгирӣ намудани сатҳи баландшавии маъюбӣ дар шаҳри Душанбе” Сафиева З.А. раиси комиссияи машваратии табибии Раёсати тандурусти баромад карданд.
Дар анҷом ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа аз ҷониби Хушвахт Шарифзода ба роҳбарони муассисаҳои табобатию пешгирии зерсохтори раёсат дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Муҷиддини САЙФИДДИН,
радиои «Тоҷикистон»