АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ҲИФЗИ ДАВЛАТ ВА ОМИЛИ МУҲИММИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон новобаста ба вазъи мураккаби сиёсии ҷомеа, дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта барои рушду такомули идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ шароити мусоид фароҳам омад.

Мусаллам аст, ки баъд аз ба даст овардани Истқлолияти давлатӣӣ дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, аниқтараш моҳҳои май–октябри соли 1992 Тоҷикистонро буҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифта буд. Воқеан, замоне, ки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон дар вартаи парокандагӣ қарор дошт.

Дар давраи вазъи мураккаби сиёсӣ аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Дар ҳамон марҳила аз ҷониби Иҷлосияи ХVIШурои Олӣ дар баробари ҳалли дигар масъалаҳо таъсис додани Артиши миллӣ ва пурзӯр намудани дифои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои афзалиятнок ҳисоб карда шуд, зеро давлати Тоҷикистон ҳанӯз Қувваҳои Мусаллаҳи худро надошт.

Дар ибтидои ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба ғайр аз сохторҳои мақомоти амният, корҳои дохилӣ ва комиссиариатҳои ҳарбӣ, ки ҳанӯз ҳам тобеи сохторҳои дахлдори Иттифоқӣ буданд, Тоҷикистон дигар артиши худро надошт, ки манфиатҳои миллию давлатиашро ҳифз намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба ифтихори 20-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ибрози назар намуданд: «Баъд аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ дар байни понздаҳ ҷумҳурии собиқи он Тоҷикистон ягона давлати соҳибистиқлол ба шумор мерафт, ки аз артиши Шўравӣ чизе мерос нагирифта буд. Дар ҳоле, ки дигар ҷумҳуриҳо қисмҳои ҳарбии дар қаламравашон ҷойгирбударо бо тамоми техникаи ҳарбӣ ва муҳимоту лавозимоти ҷангӣ миллӣ гардонида, соҳиби артиш ва дигар сохторҳои низомӣ шуда буданд. Бинобар ин, якҷо бо вакилони мардумӣ ба хулосае омадем, ки бетаъхир артиши миллиро ташкил намуда, аз пайи таъсиси дигар рукнҳои давлатдорӣ ва танзими фаъолияти онҳо шавем. Бо ин мақсад 18 — уми декабри соли 1992 Фармони Раёсати Шўрои Олӣ дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Рўзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давлати ҷавони мо давраи ниҳоят душвор буд. Заминаҳои моддию техникӣ вуҷуд надошт, кадрҳои касбии ҳарбӣ намерасиданд. Бо вуҷуди ҳамаи ин норасоиву мушкилот 23 феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбии Артиши миллӣ доир шуд, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонтаҷлил мегардад.

Дар ҳоле, ки Артиши миллӣ таъсис дода шуд, заминаҳои меъёрии ҳуқуқии фаъолияти босамари Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,таъминоти моддию техникӣ ва ҳайати зарурии кадрии он вуҷуд надошт.

Бо мақсади фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ бори аввал дар замони Истиқлол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» аз 25 июни соли 1993 қабул гардид. Сипас, бао Қонуни мазкури Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995, №208 тағйиру иловаҳо дохил карда шуда, матни он дар таҳрири нав қабул гардид. Қонуни мазкур барои ташаккул ва танзими фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим бозид.

Ҳамзамон, бо мақсади тақвияти иқтидории мудофиавии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Маҷлиси нмояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, аз 3 октябри соли 2005, №103 тасдиқ карда шуд. Дар Доктринаи ҳарбӣ нишондодҳои Консепсияи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаи ҳарбӣ такмил ёфта, дақиқ карда шудаанд. Асосҳои ҳарбию сиёсии доктрина дар он ифода меёбад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини амният ва ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳимми кишвар ҳамаи имкониятҳои мавҷударо истифода намуда, воситаҳои сиёсию дипломатӣ ва дигар воситаҳои ғайринизомиро дар таъмини мудофиавии худ авлотар медонад.

Дар баробари ин, дар моддаи 43-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин меъёр пешбинӣ шудааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”. Ин меъёри конститутсионӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар талаб мекунад, ки барои ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат ва таъмини амният дар Артиши миллӣ хизмат карда, вазифаи муқаддаси шаҳрвандии худро иҷро намояд.

Воқеан, ташаккул ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо равандҳои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ташаккули низоми нави сиёсӣ, рушди иқтисоди миллӣ, тақкими давлатдории миллӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Дар ин росто, бо назардошти тақвияти давлати соҳибистиқлоли миллӣ Артиши милии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул ёфта, сипари боэътимод ва омили муҳимми ҳифзи марзу буми кишвар ва таҳкими давлатдории миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш ба ифтихори 20-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд намудаанд: «Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар байни понздаҳ ҷумҳурии собиқи он Тоҷикистон ягона давлати соҳибистиқлол ба шумор мерафт, ки аз артиши Шӯравӣ чизе мерос нагирифта буд. Бинобар ин, якҷо бо вакилони мардумӣ ба хулосае омадем, ки бетаъхир артиши миллиро ташкил намуда, аз пайи таъсиси дигар рукнҳои давлатдорӣ ва танзими фаъолияти онҳо шавем. Бо ин мақсад 18 — уми декабри соли 1992 Фармони Раёсати Шӯрои Олӣ дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давлати ҷавони мо давраи ниҳоят душвор буд. Бо вуҷуди ҳамаи ин норасоиву мушкилот 23 феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбии Артиши миллӣ доир шуд ва ин рӯз расман ҳамасола дар кишварамон ҳамчун Рӯзи Артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад.

Бояд қайд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сафармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ ва Раиси Шурои амният оид ба таъмини қобилияти мудофиавӣ ва омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро андешида, самтҳои асосии ҳамкориро бо давлатҳои дигар ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳарбӣ муайян мекунад.

Вобаста ба ин дар зиёда аз 30-соли Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати он: — қӯшунҳои хушкигард; — қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ; — қӯшунҳои зудамал, инчунин Қӯшунҳои мақомоти амният, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Қӯшунҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ ва Агентии таъмини амволи махсус ва сохторҳои ҳарбии мудофиаи гражданӣ дохил гардида, иқтидори мудофиавии он хеле афзуда, дар шароити таҳдидҳои замони муосир ба сипари боэътимоди ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва таҳкими давлатдории миллӣ табдил ёфтааст.

Дар айни замон сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар кори ҳифзи тамомияти арзии мамлакат саҳми асосӣ доранд.Воқеан, ҳам тақвияти иқтидории ҳарбии Артиши миллӣ барои ҳифзи марзу буми кишвар, таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нақши муҳим дорад, зеро таърих гувоҳ аст, ки надоштани лашкари тавоно боиси аз байн рафтани давлату давлатдорӣ ва миллат мегардад, ки муқовиматҳои сиёсии солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гувоҳи он мебошанд.

Ҳамин тавр, Артиши миллӣ, ки зодаи Истиқлол аст, дар таҳкими давлатдории муосири миллӣ нақши калидӣ дорад ва ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки хизматро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона адо намуда, дастовардҳои истиқлолияти давлатиро дар шароити вазъи мураккаби геосиёсии ҷаҳон ва таҳдидҳои замони муосир устуворона ва боэътимод ҳифз намояд.

Баҳриддин Ализода, директори Пажӯҳишгоҳи

идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии

Академия, д.и.т., и.в. профессор