Дар Афғонистон бориши пайдарпайи борон, ки аз 26-уми март идома дорад, боиси офатҳои табиӣ, обхезӣ, ярч ва фурӯпошии биноҳо гардид.
Тибқи иттилои расонаҳои хабарии маҳаллӣ дар пайи офати табиӣ 189 нафар ба ҳалокат расида, садҳо каси дигар маҷруҳ гардиданд. Инчунин, танҳо дар давоми ду рӯзи охир ҳадди ақал 22 нафар ба ҳалокат расида, нӯҳ нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи офати табиӣ сокинони якчанд вилоятҳо, аз ҷумла Кобул, Парвон, Панҷшер, Пактиё, Ғазнӣ, Қандаҳор, Фараҳ, Бодғис, Балх, Сари Пул, Форёб, Бадахшон, Нангарҳор, Лағмон ва Кунар зарар диданд. Ҳамзамон, дар пайи обхезӣ садҳо гектар замини корам ва садҳо манзили истиқоматӣ хароб гардиданд.
Тибқи иттилои Дафтари ҳамоҳангсозии корҳои башардӯстонаи СММ, беш аз 73 ҳазор нафар аз обхезиҳо ва боришоти шадиди ахир дар ин кишвар осеб дидаанд. Боришоти шадид ва обхезӣ дар аксари қисматҳои Афғонистон идома дорад.
