Дар соли 2024 мутахассисони Агнентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи ҶТ двр Вазорату идораҳо,мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷети 484 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии 425 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти хабарӣ Роҳбари Агнентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар Сулаймон Султонзода хабар дод.
Инчунин аз ҳисоби таъини ҷаримаҳои маъмурӣ ва корҳои таҳқиқу тафтишотӣ ба буҷети давлатӣ 87,9 млн сомонӣ барқарор карда шудааст. Ҳамин тариқ, дар соли 2024 Агентӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолият 513 млн. сомонӣ ба давлат барқарор намудааст ,ки 384 млн. сомонӣ он ба суратҳисобҳои буҷетӣ ва 115,8 млн сомонӣ ба фоидаи ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва шаҳрвандон мебошад, иброз дошт, роҳбари ин ниҳод Сулаймон Султонзода.
Сурайё Сироҷиддин,
радиои «Тоҷикистон»