Қарахон Чиллазода раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб гардид

Имрӯз бо иштироки аъзои Шурои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва кормандони дигари масъули дастгоҳи марказии он  ҷаласаи ғайринавбатии  Шурои генералии Федератсияи иттифоқҳои  касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор гардид.

Барои баррасӣ ба рӯзномаи  ҷаласа як масъала — интихоби раиси нави  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ворид карда  шуд.

Тибқи талаботи Оинномаи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон-Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  бо овоздиҳии аъзои  Шурои генералӣ Маликшо Неъматзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи  раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  озод ва     тариқи  овоздиҳии  якдилона  Чиллазода Қарахон  раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  интихоб гардид.