Дар соли 2024 ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 44 ҳазору 40 мавод вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гардид

Дар соли 2024 ба Вазорати адлияи ҶумҳурииТоҷикистон ва сохторҳои он 44 ҳазору 40 мавод вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 3418 ё 7-% мавод кам аст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Музаффар Ашуриён вазири адлияи кишвар хабар дод.

Ҳамчунин ӯ илова намуд, ки дар ин давра, дар самти қонунгузорӣ 4240 ва дар самти баррасии санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ 2308 мавод ворид шуд.

Ҳамчунин зимни нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар самти санҷиш, баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соли 2024-ум ҳамагӣ 1457 мавод ворид шуд, ки аз онҳо 1014 санади ҳуқуқӣ барои баҳисобгирии давлатӣ, 108 барои санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ, 20 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, 82 супориши Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 74 мавод барои иҷро ва 159 мавод барои маълумотро ташкил медиҳад.

Зоирзода Р.

радиои “Тоҷикистон”