Соли 2024 аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба буҷети давлатӣ 20 миллиарду 426 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба нишондоди пешбинишуда 1 миллиарду 575 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин бора Нусратулло Давлатзода раиси Кумитаи андоз имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ӯ гуфт, ки дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби мақомоти андоз андешидашуда, дар соли 2024 иҷрои нақшаи тасдиқшудаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 108.4% таъмин гардид.
Ҳамчунин қайд гардид, ки ба ҳолати 1 январи соли 2025 бақияи қарзи андозҳо дар миқёси ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 740.2 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024, 65.4 миллион сомонӣ кам мебошад.
Сарвинози С.
радиои «Тоҷикистон»