“Интихобот ҳамчун арзиши демократӣ дар низоми сиёсии ҶТ”. Таҳти ин унвон дар МТСНПҶТ ҳамоиш доир гардид

Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Интихобот ҳамчун арзиши демократӣ дар низоми сиёсии ҶТ” баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, олимон ва коршиносони ниҳодҳои илмӣ-таҳлилӣ иштирок намуданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Хайриддин Усмонзода зимни суханронии ифтитоҳии хеш иброз намуд, ки интихобот яке аз рукнҳои муҳимтарини ҳаёти сиёсии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, пеш аз ҳама ҳам ба ташаккули ҳокимияти давлатӣ замина ва ҳуқуқу озодиҳои ҳар як сокини кишвар эҳтиром мегузорад.

Узви Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии ҶТ Махфират Хидирзода дар мавзуъи “Раванди иштироки ҳизбҳои сиёсӣ ва шаҳрвандон дар интихоботи порлумонӣ” маъруза намуда, аҳамият ва муҳимияти баргузории интихоботи порлумониро таъкид намуданд. “Дар раванди зиёда аз 30-солаи давлатдории мо дар баробари ташаккул ба рушди дигар соҳаҳое, ки барои бунёди давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ зарур ҳастанд, низоми интихоботӣ низ рушд ва ташаккул ёфт. Низоме, ки имрӯз дар интихоботи мо амалӣ карда мешавад, ин пеш аз ҳама бо дарназардошти хусусиятҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, талаботу эҳтиёҷоти ниёзҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ҳастанд”,-зикр намуд Махфират Хидирзода.

Ҳамзамон, дар ҳамоиш иштирокчиён доир ба мавзуъҳои зерин: “Интихобот ҳамчун унсури муҳими ташаккули низоми сиёсии ҷомеа”, “Раванди иштироки ҳизбҳои сиёсӣ ва шаҳрвандон дар интихоботи парлумонӣ”, “Мақом ва падидаҳои ҳуқуқии интихобот дар маъракаҳои интихоботӣ”, “Ташаккули фарҳанги интихобот ва таъсири он ба низоми амнияти миллӣ”, “Ҳолат ва дурнамои рушди институти интихоботӣ дар Тоҷикистон” маъруза намуданд.