Моҳи январи соли 2025 гармтарин моҳ дар таърихи мушоҳидаҳои метеорологӣ сабт гардид. Дар ин бора рӯзномаи The Guardian бо истинод ба Хадамоти аврупоӣ оид ба тағирёбии иқлим Коперник хабар додааст.Ҳарорати миёнаи сатҳи Замин 13,23 °C буд, ки аз ҳисоби миёнаи солҳои 1991-2020 0,79 °C зиёдтар аст.
Мувофиқи маълумоти олимон, ҳарорати ҳаво аз дараҷаи пеш аз саноатӣ 1,75°С зиёд буд. Ин маънои онро дорад, ки дар давоми якуним сол паиҳам ҳарорати миёнаи ҷаҳон аз ҳадди 1,5°С, ки созишномаи Париж муқаррар кардааст, гузашт.
Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки агар ин сатҳ то 20 сол идома ёбад, таъсири иқлим метавонад бебозгашт бошад.Ҳарорати баландтарин дар моҳи январ дар Аврупои Шарқӣ, Аврупо, Сибири Ғарбӣ, Аляска ва шимолу шарқи Канада мушоҳида шудааст. Дар баробари ин моҳи январ дар як қатор минтақаҳои ИМА, Британияи Кабир, шимолу ғарбии Франсия ва Камчатка ҳаво аз вақти муқаррарӣ хунуктар шуд.
Олимон пешгӯӣ мекунанд, ки соли 2025 ҳаво ба таври ғайримуқаррарӣ гарм боқӣ хоҳад монд. Онҳо бар ин назаранд, ки гармшавии глобалӣ асосан ба партоби газҳои гулхонаӣ ва тағйироти умумии системаи иқлимии сайёра вобаста аст.