Варзишгарони тоҷик дар як сол 448 медал ба даст оварданд

Дар соли 2024 ба шарофати варзишгаронамон 448 маротиба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардошта шуда, 134 маротиба суруди миллӣ ба хотири дастоварди онҳо дар сатҳи байналмилалӣ садо додааст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода иттилоъ дод.

Бино бар иттилои манбаъ дар давраи ҳисоботӣ 1126 нафар варзишгар аз намуди варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ ба 82 мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ сафарбар гардида, ба хазинаи варзиши эи кишвар 448 медал, аз ҷумла 134 тилло, 108 нуқра ва 206 биринҷӣ ворид намудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023, 87 медал зиёд мебошад.

Рустам Зоирзода,

радиои «Тоҷикистон»