Имрӯз зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҲҶТ Бунафша Файзиддинзода итилоъ дод, ки соли 2024, 9102 нафар бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта нисбат ба соли қабл 1196 нафар кам мебошад.
Инчунин ҷиҳати баланд бардоштани вазъи иқтисодии оилаҳо ва истифодаи дурусти маблағҳои буҷети оила Кумита дар радифи амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025” аз 393 адад лоиҳаҳои воридгардида 120 лоиҳаи мақсаднокро ба маблағи 5 млн. сомонӣ дастгири намудааст.
Ба иттилои ҳамкорамон Гулрӯ Ниёззода, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҲҶТ «Дар раванди амалишавии Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 озмунҳои ҷумҳуриявии “Онлаи намунавӣ”, «Хушдомани беҳтарин», “Беҳтарин ҳамсар”, «Фарзандбоғи падару модар», беҳтарин маводи назмию насрӣ таҳти унвони «Ғарбия аз оила сарчашма мегирад», “Беҳтарин оилаи ҳунарманд”, “Кадбонуи беҳтарин”, фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан”, аксияҳои тарғиботӣ ташвиқотии “Тоҷикона мепӯшем” ва “Зан-мазҳари покизагӣ” доир гардиданд.
Гулрӯ Ниёзова
радиои Тоҷикистон