Соли 2024 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои он дар ҷумҳурӣ 4 тоннаю 381 кг маводи мухаддир аз муомилоти ғайриқонунӣ бароварда шудааст, ки нисбат ба соли 2023, 901 кг кам мебошад. Ба гуфтаи Самад Зафар директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гарчанде, ки соли 2024 дар маҷмуъ мусодираи маводи нашъаовар аз руи миқдор кам шуда бошад ҳам, лекин мусодираи моддаҳои психотропии синтетикӣ 110 кр- ро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2023, 41 кг зиёд мебошад.
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷурми қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир 14 шаҳрвандони хориҷӣ дастгир шуда, аз онҳо наздики 270 кг маводи нашъаовар мусодира гардидааст. Самад Зафар директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки аз шумораи умумии дастгиршудагон 6 нафар шаҳрванди Афғонистон, 5 нафар Ӯзбекистон, 2 нафар Қирғизистон ва 1 нафар шаҳрванди Қазоқистон мебошад. Ҳамчунин дар соли 2024, 829 шаҳрванди Тоҷикистон дар кишварҳои дигар бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шуданд, ки аз онҳо 128 кг маводи нашъаовар мусодира гардидааст. Ба гуфтаи Самад Зафар бештари дастгиршудагон дар Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба қайд гарифта шудаанд.
Дар асоси маълумоти Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, соли 2024 кишти кукнори афғонӣ дар Афғонистон 19% афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи Самад Зафар директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳои шимолу шарқии Афғонистон, ки бо Ҷумҳуриҳои Турманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳамсарҳаданд, майдони кишти маводҳои нашъаовар 3 маротиба зиёд гардидааст. Бо назардошти ин шумораи лабараторияҳои ғайриқонунии истеҳсоли маводи наъаовари синтетикӣ зиёд гардида, таҳдиди хатар ба кишварҳои Осиёи марказӣ, ба хусус кишварҳои бо Афғонистон ҳамсарҳад торафт зиёд шуда истодааст, гуфт Самад Зафар.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои «Тоҷикистон»