Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон гуфт, ки нархи миёнаи як метри мураббаъи хона дар ҳудуди кишвар ва шаҳри Душанбе чи қадар аст

Айни ҳол ба ҳисоби миёна нархи як метри мураббаъи хона дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 705 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар шаҳри Душанбе бошад нахр гаронтар шуда, як метри мураббаъи он ба 780 доллари ИМА баробар мешавад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ Низом Мирзозода раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ҳамчунин манбаъ афзуд, ки нархҳои зикргардида тағйирёбанда аст. «Масалан агар дар ноҳияи Фирдавсӣ аз ошёнаи 7-ум боло 550 доллар ва аз ошёнаи 7-ум поён 650 долларо ташкил диҳад, пас дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бошад аз ошёнаи 7-ум боло 850 доллар аст. Яъне нархҳо вобаста ба мавқеи ҷойгиршавӣ ва ошёнаҳо «бозӣ» мекунад» — иброз дошт Низом Мирзозода.

Дар идомаи гуфтаҳояш раиси Кумитаи меъморӣ ва сохмтмони кишвар ҳамчунин илова намуд, ки имрӯз шароити мардум беҳ шуда, имконияти харидорӣ кардани шаҳрвандони мо васеъ шудааст. Аз ин ҳисоб соҳибкорон истифода бурда, бо хости худ хонаҳоро нархгузорӣ мекунанд.

Рустам Зоирзода
радиои «Тоҷикистон»