Имрӯз бо ташаббуси шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи таҷлили Ҷашни Сада хатсайрҳои сайёҳии «Сайри Сада» – ро ташкил намуд, ки дар он намоянадагони корпуси дипломатӣ, донишҷуёни хориҷии муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе, сайёҳони хориҷӣ, роҳбарону кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, занон, ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, инчунин намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Хатсайрҳои сайёҳии «Сайри Сада» аз майдони Дӯстии назди Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ оғоз гардида, ба самти Боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе ба номи Абулқосим Фирдавсӣ равона гардид. Тавре Давлаталӣ Сайфуллоев мутахассиси пешбари шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе зимни суҳбат ба мо гуфт, дар доираи хатсайри сайёҳии «Сайри Сада» роҳбаладон бо забонҳои дав.латӣ, русӣ ва англисӣ таъмин гардида, доир ба имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ва моҳияти Ҷашни Сада маълумоти мушаххас пешниход менамоянд.
Бояд гуфт, ки дар таърихи таҷлил аз ҷашни Сада бори аввал аст, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хатсайрҳои сайёҳии «Сайри Сада» ташкил карда шуд. Алӣ Раҳимӣ раиси пажуҳишгоҳи фарҳанги форсӣ — тоҷикӣ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки бори аввал аст, ки дар таҷлили чашни сада дар Тоҷикистон иштирок менамоям ва ҳама чиз бароям хеле ҷолиб ба назар мерасад.
Бояд гуфт, ки ҷашни Сада рамзи рафтани нимаи зимистон буда, ба мардум муждаи омад-омади баҳорро меоварад ва деҳқононро ба кишту кор омода менамояд. Дар доираи ташлил аз ин ҷашни аҷоди ташкил гардидани чунин хатсайрҳо ба барои ҷалби бештари меҳмонону сайёҳон ба кишварамон мусоидат мекунад.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”