Дар Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти низоми суғурта дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

Новобаста ба вазъи мураккаби иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии ҷаҳон нишондиҳандаҳои  асосии макроиқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла нишондиҳандаҳои асосии низоми суғуртаи мамлакат дар сатҳи баланд ҷамъбаст гардиданд. Ин нуктаро муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ дар ҷаласаи корие, ки  бо иштироки роҳбарони ташкилоти суғуртавӣ ва Ассотсиатсияи миллии ташкилоти суғуртавии Тоҷикистон баргузор гардид, иброз дошт. Тавре аз  Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷаласа фаъолияти низоми суғуртаи мамлакат дар соли 2024  натиҷагирӣ гардид.  

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ гуфт, ки барои расидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми назорати суғуртавӣ дар соли 2024 бобати таъмини рушди низоми суғуртаи мамлакат тамоми имконияти мавҷударо истифода бурда, тадбирҳои саривақтӣ ва самаранок андешид.

Вобаста ба вазъи низоми суғурта гуфта шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани низоми суғурта фаъолият карда, ислоҳоти соҳаро амалӣ менамояд. Аз ҷумла, соли 2024 бо мақсади таҳкими заминаи қонунӣ ва мукаммалгардонии соҳа ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Инчунин дар бораи пурра ба таври ғайринақдӣ анҷом додани амалиёти суғуртавӣ ба ин қонун илова ворид карда шуд, ки дар айни замон дар марҳилаи ниҳоии қабул қарор дорад.

Ҳамзамон бо қарорҳои дахлдори Раёсати Бонки миллӣ ду санади меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа таҳия ва қабул гардид, ки тартиби гузаронидани санҷиш ва ҳиссаҷудокуниҳо ба захираҳои суғуртавии ташкилоти суғуртавиро муқаррар менамоянд. Илова бар ин соли 2024 ба Бонки миллии Тоҷикистон муяссар гардид, ки лоиҳаҳои шакли нави автоматикунонидаи ҳисоботи молиявӣ, нақшаи ҳисобҳои тавозунӣ ва тавсифи ҳисобҳои тавозунии алоҳидаро барои ташкилоти суғуртавӣ таҳия намуда, якҷо бо ташкилоти суғуртавӣ онҳоро такмил диҳад. Ин санадҳо ба ташаккули инфрасохтори асосии низоми суғуртаи мамлакат ва минбаъд аз байн бурдани номуайяниҳои амалиёти суғуртавӣ ва таъмини фаъолияти шаффофи субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ мусоидат менамоянд.

Дра ҷаласа оид ба ҷамъбасти фаъолияти низоми суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024, фарогирии бозори суғуртаи мамлакат, нишондиҳандаҳои асосии соҳа, риояи талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои мақбули мақоми назорати суғуртавӣ, мониторинги ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар низоми суғурта ва дурнамои рушди он сухан гуфта шуд. Дар қисмати муҳокимаи масъалаҳо намояндагони ташкилоти суғуртавӣ вобаста ба фаъолият, рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва ҳадафҳои гузошта ҳисобот доданд.

Ташкилоти суғуртавӣ вазифадор гардиданд, ки тибқи муқаррароти қонунгузорӣ фаъолият намуда, барои беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, баррасии муроҷиати суғурташавандагон тибқи талаботи қонун, таъмини принсипи шаффофият, ҷорӣ намудани хизматрасонии муосир, вусъати корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ ва ба таври ғайринақдӣ анҷом додани ҳама гуна амалиёти суғуртавӣ кор баранд.

Дар анҷом таъкид шуд, ки бо мақсади амалӣ намудани нақшаю вазифаҳои гузошта моро зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ рушди низоми суғуртаи мамлакатро таъмин карда, барои ба яке аз бахшҳои муҳимми низоми молиявии мамлакат табдил додани он тадбир андешем.