Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи аввали соли нави мелодӣ аз як қасди худкушӣ дар пойтахт пешгирӣ карданд.
Ба иттилои сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 январи соли 2025, соати 15:21 дақиқа ба Қисми навбатдории КҲФ аз шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе занг заданд, ки дар хиёбони Рӯдакӣ 130/4, як сокини ин бино қасди худкушӣ дорад ва мехоҳад худро аз ошёнаи 4-уми бино ба зер афканад. Аз имдодгарон хостанд, то барои пешгирӣ аз ин қасди худкушӣ кумак кунанд.
Гуфта мешавад, имдодгарон ба ҷойи ҳодиса расиданд ва маълум карданд, ки ин марди 38-сола дар ҳолати мастӣ канори балкон истодаву намегузорад касе ба ӯ наздик шавад. Ва таҳдид дорад, ки худро хоҳад кушт.
Наҷотдиҳанда-равоншинос ҳамроҳ бо кормандони милитсия бо мард вориди гуфтугӯ шуданд. Баъди суҳбату муколамаи зиёд, билохира мардро бовар кунанданд, ки даст аз ин амал бардорад ва ҳаёташро зери хатару пайвандонашро мотамзада накунад.
Маълум шудааст, ки ин марди ҷавон ба далели мушкилоти хонаводагӣ даст ба ин иқдом задааст.