Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2025

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» соли ҳафтум аст, ки зери таваҷҷуҳ ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳёи санъати миллӣ ва тарғиби он, арҷгузорӣ ба санъату ҳунари аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии санъати мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомӣ баргузор мешавад.

Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми маблағи мукофот барои ғолибони озмун ду баробар зиёд гардида, барои озмун аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 680 000 (ҳафт миллиону шашсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ҷудо карда шуд.

Ҳамин тавр, барандагони шоҳҷоиза бо 100 ҳазор сомонӣ, ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мутаносибан 70 ҳазор, 50 ҳазор ва 30 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.

Ҳамзамон бо ин, мувофиқи тағйироти имсола, дар озмун жанри академии номинатсияи навозандагӣ ба ду қисм ҷудо карда шуда, иқдоми мазкур ба довталабон имкон медиҳад, ки ҳунару истеъдоди худро дар навозиши созҳои миллӣ ва созҳои аврупоӣ нишон диҳанд.

Шумораи ҳамаи ғолибони ҷойҳои сеюм низ аз 2 ҷой ба 3 ҷой зиёд ва барои иштирокчиёни фаъолу соҳибзавқ имконияти бештари ба даст овардани ғолибият дода шуд.

Бинобар ин, дар соли 2025 шумораи ғолибон 137 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 17 нафар зиёд мебошад.

Илова бар ин, дар сурати дар даври ҷумҳуриявии озмун сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва ё Шоҳҷоиза гардидани хонандагон ва донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимӣ дар гурӯҳҳои пулакӣ таҳсил мекунанд, онҳо ба гурӯҳи ройгони таҳсил гузаронида мешаванд.

Матнҳо ва ҷузъиёти пурраи амрҳо дар сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой карда шудаанд.