23 декабри соли 2024 мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад бо ҳайати Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо масъалаи татбиқи лоиҳаи Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) “Маблағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул” (Asset based Finance – ABF) барои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Тавре Шуъбаи матбуоти БМТ хабар медиҳад, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода барои ҳамкории чандинсолаи пурсамар ва ҳиссагузорӣ дар рушди устувори иқтисодии кишвар ба Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ (Бонки Ҷаҳонӣ/IFC), ки аз зумраи шарикони боэътимоди рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, арзи сипос намуда, қайд кард, ки яке аз самтҳои муҳимми ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ рушди фарогирии молиявӣ, бахусус дар бахшҳои рақамикунонӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мебошад.
Номбурда иброз дошт, ки 29 сентябри соли 2023 дар ҷараёни Форуми байналмилалии “Душанбе-инвест 2023” Бонки миллии Тоҷикистон бо IFC Харитаи роҳ оид ба амалисозии лоиҳаи IFC “Маблағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул” барои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2024 – ро ба имзо расонид ва ин масъала мавриди корбарӣ қарор дорад.
“Татбиқи лоиҳаи “Маблағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул” барои амалисозии мақсадҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар самти такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии мабалағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул, фарогирӣ ва баланд бардоштани иқтидори онҳо заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард”, – гуфт Ф.Толибзода.
Роҳбари намояндаи доимии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Озан Севимлӣ дар навбати худ ба Бонки миллии Тоҷикистон барои дастгирии доимӣ ва ҳамкории судманд дар рушди бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос карда, барои боз ҳам тавсеа бахшидани ҳамкорӣ, аз ҷумла дар самти татбиқи босамари лоиҳаи мазкур омодагии худро иброз намуд.
Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба ташаккули иқтисоди “сабз”, платформаи маблағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул, платформаи феҳристи қарзӣ ва портали ягонаи ҳисоботҳои оморӣ, суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёти Тоҷикистон, дастгирии соҳибкории хусусӣ, ҷалби маблағгузорӣ ба бахши хусусӣ ва дигар масъалаҳои низоми бонкӣ табодули назар намуда, иброз доштанд, ки ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ минбаъд низ густариш хоҳад ёфт.
Маврид ба зикр аст, ки дар вохӯрӣ инчунин роҳбари намояндаи доимии IFC дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Султонов, менеҷери лоиҳаи ABF Мадина Нурматова ва мушовири лоиҳаи ABF Марина Шамилова иштирок намуданд.