“Тоҷикистон”: Бонки осиёии рушд самроягузории лоиҳаҳои нақлиётиро дар Тоҷикистон идома медиҳад (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд. 

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 13 декабр вобаста ба баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ хабар нашр кардааст.

Матлаб “Омодагӣ ба интихобот” унвон гирифта, дар он роҷеъ ба масъалаҳои вобаста ба баррасии интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот маълумот дода шудааст.

Тибқи хабари интишорнамудаи нашрия, дар ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ як қатор масъалаҳо, аз ҷумла, бо мақсади татбиқи якхелаи меъёри қонунҳо дар бораи интихобот ва мусоидат ба фаъолияти комиссияҳои поёнии интихобот, роҳнамо барои комиссияҳои ҳавзавии якмандатии интихоботи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ташкили ташвиқоти пешазинтихоботӣ ва роҳнамо барои ташкили овоздиҳӣ баррасӣ ва тасдиқ гардиданд.

Ҳамчунин, дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Бахтиёр Худоёрзода, раиси КМИР, доир гардид, ҷиҳати мусоидат барои дар сатҳи баланд ташкилу баргузор намудани интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тартиби намунавии овоздиҳӣ дар участкаҳои интихоботии маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ муҳокима ва қабул шуд.

Ҳамзамон, нашрия хабар медиҳад, ки бо истинод ба маълумоти КМИР хабар додааст, ки корҳои омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки 2 марти соли 2025 доир мегардад, идома доранд.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 18 декабр дар бораи иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Зафар Ализода ва Сарвиноз Маҷидзода дар Форуми 19-уми СММ оид ба идоракунии интернет дар мавзӯи «Эҷоди ояндаи рақамии бисёрҷонибаи мо» хабар дод. Тибқи навиштаи нашрия аз 16 то 19 декабри соли ҷорӣ  дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ 19-умин Форуми Идоракунии Интернети Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.

Дар форум беш аз 170 кишвари ҷаҳон иштирок доранд. Дабири кулли СММ Антонио Гутериш зимни баромади онлайнии хеш аз нобаробарии рақамӣ изҳори нигаронӣ намуда, иброз дошт, ки ҳоло беш аз 2,6 млрд нафар дар саросари ҷаҳон ба интернет дастрасӣ надорад.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Дерпартаменти масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид, Иттифоқи байнипарламентӣ баргузор гардида, зимни он масъалаҳои сиёсати рақамии давлатӣ, аз қабили зеҳни сунъӣ, киберамният, идоракунии маълумот ва ҳамкории  рақамӣ баррасӣ мешавад.

Ҳамзамон, нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 18 декабр матлабе зери унвони “Сохтмони муассисаҳои таълими меафзояд” ба нашр расонида, аз таъсиси бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Фархор хабар додааст.

Дар хабар омадааст, ки муассиса бо ҳама лавозимоти хониш муҷаҳҳаз буда, дар он кабинетҳои махсус аз фанҳои химия, физика, компютер ва биология бо тамоми таҷҳизот таъмин карда шудааст.

Ба таъкиди муаллиф, айни ҳол дар ноҳияи Фархор 71 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 литсей, 2 гимназияи таълимаш бо забони русӣ ва як парваришгоҳи назди мактабӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо 43 ҳазору 716 хонанда ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 2879 омӯзгор таълим медиҳанд.

Ҳамзамон, муаллифи хабар зикр мекунад, ки ҷиҳати пушти сар намудани зимистони солҳои 2024-2025 дар ҳама муассисаҳои таълимию томактабии ноҳияи Фархор омодагии ҷиддӣ дида, 990 тонна ангишт, 1451 метари мукааб ҳезум ва беш аз 3 тонна сӯзишворӣ дар анбори муассисаҳои таълимӣ захира шудааст.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 13 ноябр матлаберо таҳти унвони “$806 миллион сармояи БОР ба соҳаи нақлиёт” ба нашр расонида, доир ба рафти татбиқи лоиҳаҳои нақлиётӣ аз ҷониби Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо роҳбари намояндагии доимии Бонки Осиёии рушд Ко Сакамото маълумот додааст.

Ба навиштаи нашрия, ҳоло бо дастгирии ин бонк 5 лоиҳа ба маблағи 377,89 миллион доллар амалӣ карда мешавад. Соли 2021 таҷдиди роҳи Обигарм-Нуробод дар ҳаҷми 110 млн доллар грант оғоз ёфт.

Лоиҳаи навсозии роҳи Данғара-Гулистон барои сохтани долони сабз дар ҳаҷми 86,67 млн доллар тасдиқ карда шудааст. Дар тӯли 30 сол Бонки Осиёии рушд ба соҳаи нақлиёти кишвар 806,29 миллион доллар сармоягузорӣ карда, дар рушди лоиҳаҳои асосии инфрасохторӣ кумак расонидааст

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 18 декабр мақолаеро таҳти унвони “Доруҳои қалбакӣ дар Тоҷикистон: чӣ гуна метавон худро аз онҳо эмин нигоҳ дошт?” ба нашр расонидааст. 

Муаллиф менависад, ки сокинони Тоҷикистон гоҳ-гоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сифати доруҳои харидаашон шикоят карда, зикр мекунанд, ки  онҳо таъсири лозимӣ надоранд ё шояд қалбакӣ бошанд.

Ҳафтаномаи “Asia-Plus” дар ин матлаби худ бо такя ба маълумоти Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар додааст, ки пеш аз ворид шудан ба бозори Тоҷикистон, тамоми доруҳо аз санҷиши ҷиддӣ мегузарад.

Доруҳо қабл аз ворид шудан ба Тоҷикистон дар кишвари истеҳсолкунанда низ санҷида мешаванд. Ҳангоми воридот ба кишвар, то санҷиш онҳо дар анборҳои муваққатии Хадамоти гумрук нигоҳ дошта шуда, танҳо пас аз гузаронидани таҳқиқот дар озмоишгоҳ ва гирифтани гувоҳнома аз ҷониби Хадамот ба муомилот бароварда мешаванд.

Ҳамзамон, муаллиф дар матлаби мазкур зери рубрикаи “Чӣ бояд кард, агар  доруи қалбакӣ ба саломатӣ зарар расонад?” ва бо истинод ба маълумоти Хадамоти назорати давлатӣ навиштаст, ҳолатҳое мешаванд, ки вақти санҷишҳо дар дорухонаҳо доруҳои муҳлати истифодаашон гузашта ошкор мешаванд, лекин дар бораи аз онҳо зарар расидан ё ҳалок шудани касе ягон далел ба қайд гирифта нашудааст.   

Агар ҷиноят дар ҳаҷми ниҳоят зиёд содир гардида ё боиси марги инсон шуда бошад, ё ба дигар оқибатҳои вазнин сабаб гардад, бо маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол бо маҳрум гардидан аз ишғоли вазифаҳои муайян ё машғул шудан аз фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол ҷазо дода мешавад.

Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре аз доир ба зиёд гардидани ҷаримаи қонуншиканиҳо дар соли 2025 маълумот додааст. Ба навиштаи нашрия аз 1-уми январи соли 2025 нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз 72 сомонӣ ба 75 сомонӣ боло меравад.

Бо зиёд шудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо мутаносибан маблағи андозҳо, боҷҳо, ҷаримаҳо, пардохтҳои ҳатмӣ, кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ, иловапулиҳо ва дигар пардохтҳо низ афзоиш меёбанд. Аз ҷумла ҳаҷми ҷарима барои қонуншиканиҳо зиёд мешавад.

Дар ин мавод маблағи ҷаримаи қонуншиканиҳои дар ҷомеа маъмулро бо нишон додани ҳаҷми ҷарима барои соли 2024 ва 2025, ки дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноӣ муқаррар гардидаанд, ҷамъ овардааст. Аз ҷумла, ҷарима барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ, риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими ҷашну маросимҳо, чун зодрӯз, тӯйи арӯсию домодӣ, ҳоҷиталбону маъракаҳои вобаста ба зиёрати ҳаҷ, машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ, муомилаи ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (хлопушка), қонуншиканиҳо вобаста ба идораи воситаи нақлиёт, чун идораи воситаи нақлиёт бидуни доштани ҳуқуқи ронандагӣ ва ё дар ҳолати мастӣ, ташкили пойгаҳои ғарирасмии нақлиётӣ ва парвариши чорво дар ҳудуди пойтахт афзоиш меёбад.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”