Дирӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба 30 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ – фарҳангӣ таҳти унвони “30 сол саршор аз ифтихор ва пирӯзиҳо бо ҳизби халқии демократии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ иштирок намуданд.
Дар оғози ҳамоиш Садриддин Ширинбекзода мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ карда, иброз намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби ягон ташкилоти дохилӣ ва ё хориҷӣ маблағгузорӣ намешавад. Он аз ҳисоб халқ фаъолят дорад ва барои ҳифзи манфиятҳои мардум хизмат мекунад. Ба таъкиди номбурда, ҷавҳари асосии барномаю ҳадафҳои ҳизбрро ормонҳои миллӣ, таҳкими арзишҳои демократӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллии мамлакат дар шароити пуртазоди минтақа ва ҷаҳон ташкил медиҳад.
Дар идомаи ҳамоиш Маликшо Неъматзода раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баромад карда, қайд намуд, ки мақсади асосӣ аз созмон додани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин сарҷамъу муттаҳид кардани миллати тоҷик ва тамоми неруҳои созандаю солимфикри ҷомеа, инчунин баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватандӯстию ватанпарварии мардуми мамлакат мебошад. Ба гуфтаи ӯ талошҳои бевоситаи ҳизб барои фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар шаҳрванди мамлакат равона гардидаанд.
Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ба як қатор фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сипономаҳо тақдим карда шуд. Ҳамчунин барои иштирокчиёни ҳамоиш барномаи фарҳангӣ манзур гардонида шуд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”