Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 11 декабр хабар дод, ки Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд созишномаи грантиро бо маблағи 8 миллион евро ба имзо расонданд. Ин маблағ барои татбиқи лоиҳаҳои марбут ба беҳтар намудани шабакаи обрасонӣ дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Данғара равона шудааст.
Лоиҳаҳо сохтмон ва навсозии обанборҳо, беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, безараргардонии он ва таъмини устувори об барои сокинони шаҳрҳои Бохтар ва ноҳияи Данғараро дар бар мегиранд.
Дар баробари ин созишнома, Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо созишномаи дигари грантиро ба маблағи 20 миллион евро ба имзо расонданд, ки барои пешбурди “гузариши сабз”, аз ҷумла рушди кишоварзӣ дар кишвар, нигаронда шудааст.
Гутфа мешавад, ки Иттиҳоди Аврупо дар давраи солҳои 2021-2024 ба Тоҷикистон 91 миллион евро ҷудо намудааст. Ин маблағ барои пешбурди иқтисоди сабз ва рақамӣ, рушди иқтидори инсонӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ равона шудааст.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора ҳамчунин мақолае таҳти унвони “СПЕКА Нақши Форуми байналмилалӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон” чоп кардааст.
Дар ин матлаб зикр мешавад, ки шаҳри Душанбе, Форуми байналмилалии иқтисодии СПЕКА – 2024 баргузор гардид. СПЕКА Барномаи махсуси иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон буда, дар ҳамоиши навбатии он мавзӯи “Рушди сабз дар минтақаи СПЕКА» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ин чорабинии сатҳи баланд нақши калидии Тоҷикистонро ҳамчун ташаббускори рушди минтақавӣ нишон дода, дар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, рушди иқтисоди “сабз” ва ҳамкории минтақавӣ аҳамияти махсус дорад. Форум беш аз 100 намояндаи кишварҳои аъзои Барнома ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалиро ба ҳам овард.
Ба хулосаи муаллиф, бо дарназардошти тағйироти сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, бунёди долонҳои нави нақлиётӣ, содагардонии транзит ва диверсификатсияи масирҳои транзитӣ ва ҳамгироии фаъолияти марказҳои тақсимоти яклухт дар минтақа лозим аст. Дар маҷмуъ, амалисозии ин тадбирҳо ба афзоиши содироти маҳсулот, умуман тиҷорати мутақобила дар дохили минтақа, мусоидат хоҳад кард.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 9 декабр иттилоъ дод, ки ахиран таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи комиссияи марказӣ баргузор гардид, ки дар он нақшаи тақвимии чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва гузаронидани интихобот тасдиқ гардид, ки он масъалаҳои ташкил ва баргузор намудани интихоботро дар ҳамаи зинаҳои мақомоти намояндагӣ дар бар гирифтааст.
Ҳамин тариқ бо қарори комиссияи марказӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 41 ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Инчунин барои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, ки рӯйхаташон аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ шудааст, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот ташкил карда мешавад. Гуфта мешавад, ки шумораи эҳтимолии шаҳрвандони дорои ҳуқуқи овоздиҳӣ дар Тоҷикистон беш аз 5 млн 522 ҳазор нафар аст.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, баҳри таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон, инчунин, фароҳам овардани шароити баробар барои субъектҳои раванди интихобот ҳамаҷиҳата мусоидат хоҳад кард.
Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар ин шумораи худ хабар дод, ки 5 декабр ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар кори ҷаласаи ҳамкориҳои парлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Шоҳигарии Белгия баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар доираи сафари корӣ ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо президенти Сенати Белгия Валерӣ Де Бю ва раиси Маҷлиси намояндагони Белгия Петер Де Рувер мулоқот намуданд.
Зимни мулоқотҳо дурнамои рушди робитаҳои байнипарлумонӣ ва маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба, фаъолияти гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Белгия, тавсеаи ҳамкории ҳар ду кишвар дар соҳаҳои мавриди эҳтимом матраҳ гардид.
Дар доираи сафари корӣ, ҳамчунин, дар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Белгия бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон дар Нидерланд ва Белгия мулоқот доир шуд, ки зимни он доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла дастовардҳо ва фаъолияти диаспораҳои тоҷикон, баррасӣ гардид.
Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 12 декабр хабар дод, ки гурӯҳҳои кории Кумитаи андоз фаъолияти 355 ошхона ва тарабхонаро мавриди санҷиш қарор дод ва маълум шуд, ки аз ин 104 нуқта бидуни қайд ва 1373 адад коргарони кирояи иловагӣ фаъолият доштанд. Дар натиҷа 4,6 млн сомонӣ андозҳои иловагӣ ҳисоб ва аз он ба буҷет 3,3 млн сомонӣ пардохт шудааст.
Ҳамзамон дар ин амалиёт аз тарафи гурӯҳи корӣ фаъолияти 42 сароянда, навозанда ва раққосаҳои дар мақомоти андоз сабтшуда мавриди санҷиш қарор гирифта, дар фаъолияти 29 андозсупоранда муоинаи хронометражӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа даромади андозбандишаванда аз 5,1 млн сомонӣ то ба 15,2 млн сомонӣ боло бурда шуд.
Дар баробари ин гуфта мешавад, дар рафти корҳои назоратӣ дар марказҳои дилхушии шабона 42 сароянда, навозанда ва раққосаҳоро, ки бе қайди мақомоти андоз фаъолият менамуданд, ҳамчун андозсупоранда дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шуда, аз ҳисоби бақияи қарзи онҳо 203,4 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардид.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 12 декабр хабар дод, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи буҷаи давлатиро барои 2025 баррасӣ ва тасвиб кард.
Файзиддин Қаҳҳорзода вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳаи буҷети давлатӣ дар парлумон гуфт, ки хароҷоти буҷаи соли оянда 7,5 млрд сомонӣ нисбати соли 2024 бештар аст. Ба гуфтаи вай, ки даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2025 дар ҳаҷми 49,6 млрд сомонӣ бо афзоиш 15,4 дарсад пешбинӣ шудааст.
Аз ҷумла даромади буҷети соли оянда аз ҳисоби воридоти андозҳо дар ҳаҷми 22,7 млрд сомонӣ бо афзоиш 20,4 дарсад, боҷҳои гумрукӣ 10.4 млрд сомонӣ бо афзоиш 23,4 дарсад ва лоиҳаҳои давлатии сармоягузоӣ 11,2 млрд сомонӣ таъмин мешавад.
Дар баробари ин қисми хароҷоти буҷаи соли ояндаи давлати Тоҷикистон дар ҳаҷми 51,6 млрд сомонӣ бо афзоиши 7,5 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар соли оянда барои соҳаҳои иҷтимоӣ ҷудо шудани 23,9 миллиард сомонӣ аз буҷаи давлатӣ дар назар аст.
Барои рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт аз буҷет 15.2 миллиард сомонӣ равона карда мешавад, ки ба таҳкими иқтидорҳои истеҳсолӣ, зиёд намудани зарфияти содиротии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Дурнамои Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон барои соли 2025 дар ҳаҷми 166,1 млрд сомонӣ бо афзоиши 8,4 дарсад пешбинӣ гардидааст.
Ҳамзамон тиқби лоиҳаи буҷети соли 2025 бо назардошти сатҳи беқурбшавӣ дар соли навбатии молиявӣ, меъёри нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба маблағи 75 сомонӣ муқаррар шудааст.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”